(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар дар доираи сафари кориаш ба шаҳри Хуҷанд ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ташриф оварда, бо раванди таълиму тарбия ва устодону донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат ошноӣ пайдо намуд.

Сафир зимни ошноӣ дар факултети муҳандисӣ-технологии ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба фаъолияти озмоишгоҳҳо мароқ зоҳир карда шуд.

Дилафрӯз Саидӣ, директори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ гуфт, ки раёсати донишкада бо дастгирии Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии вилояти Суғд ва ҷалби грантҳо бинои нави таълимиро, ки дар он маҷмааи озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ ҷойгир мешаванд, бунёд намуд. Истифодаи ин бино имконият медиҳад, ки дар он 9 озмоишгоҳи нав барои донишҷӯёни ихтисосҳои технологияҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хӯрока, экологияи саноат ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, меъморӣ амал кунад. Таҷҳизоти озмоишгоҳҳо дар натиҷаи ҳамкорӣ бо барномаи Эрасмус+-и Иттиҳоди Аврупо (лоиҳаи “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ”), барномаи Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ – GIZ (лоиҳаи “Таҳсилоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ”), Донишгоҳи технологии шаҳри Гуилини Ҷумҳурии Халқии Чин дар давоми 3 соли охир ва инчунин бевосита аз ҳисоби буҷети донишкада таъмин шуда истодааст. Дар доираи ин лоиҳаҳои ҳамкорӣ омӯзгорону кормандони донишкада бевосита корро бо ин таҷҳизот азхуд кардаанд ва инчунин дар донишгоҳу корхонаҳои Олмон, Латвия, Литва, Полша, Хитой, Қазоқистон, Қирғистон 54 нафар такмили ихтисос гузаштанд. Ибтикори донишкада оид ба ҷалби маблағҳои грантӣ барои пурра ва мустаҳкам кардани пояи озмоишгоҳӣ боиси ибрату омӯзиш аст.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар ҳамзамон аз озмоишгоҳи технологияи дӯзандагӣ ошноӣ пайдо намуд.

Таваҷҷуҳи сафирро маҳсулоти дастии истеҳсолнамудаи донишҷӯён дар маҳфилҳо ҷалб намуд. Имрон Ҳайдар пешниҳод намуд, ки дар ярмаркаҳои бо ҷалби кишвари Покистон баргузормешуда чунин маҳсулотҳо бештар муаррифӣ гарданд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар дар ҷараёни мулоқоташ директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ аз имконият ва зарфиятҳои ояндаи ҳамкорӣ ҳарф зада, аз ҷумла таъкид дошт, ки бори дуюм аст, ки ба шаҳри Хуҷанд ташриф меорад. Вале ин сафар бо ҷаззобият ва маълумоти афзунаш ӯро дарҳайрат гузошт.

Сафир зимни мулоқот ҳавасмандии худро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои донишкадаҳои Покистону Тоҷикистон, бахусус Донишкадаи политехнии шаҳри Хуҷанд изҳор дошт. Ғайричашмдошти сафир донишкада хеле фаъол ва ҳамқадами замон буда, дар риштаҳои мухталиф аз ҷумла технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ, энергетика, айтитехнология ва ғайраҳоро пешсаф мебошад ва метавонад заминаи муҳими ҳамкориҳои минбаъда гардад.

Дилафрӯз Саидӣ аз раванди таълим ва фановарӣ дар донишкада иттилоъ дода, ҳавасмандии хешро ҷиҳати қабули олимони варзидаи донишгоҳҳои бузурги Покистон баҳри донишомӯзии донишҷӯён ва мубодилаи таҷриба бо устодон изҳор дошт. Таъкид шуд, ки аксари донишҷӯёну устодон бо забони англисӣ хуб ҳарф мезананд ва ҳамасола дар озмунҳои байналмилалӣ шарафи Тоҷикистонро боло мебаранд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар гуфт, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари Покистон бозори васеъ аст ва ҳар як тоҷикистонӣ метавонад дар ин бозор тиҷорати хешро тавсеа бахшад. Тоҷикистону Покистонро ҳамагӣ 14 километр масофа аз ҳама ҷудо мекунад, ғайр аз ин ба ҳамагон маълум аст, ки дар гузаштаи начандон дур ҳамкории фарҳангиву илмӣ ду халқияти бо ҳам хеле наздик буданд. Шоирону адибони Тоҷикистон дар Покистон фаъолияти густурда доштанд ва баръакс аҳли адаби Покистон дар Тоҷикистон маъруфият пайдо намудаанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориро дар мубодилаи таҷрибаи донишгоҳҳо, иштирок дар ярмаркаҳои истеҳсолӣ, таҳқиқоту фановарӣ ва ғайраҳоро баррасӣ карданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар дар доира сафари кориаш ба шаҳри Хуҷанд ҳамзамон аз ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд боздид намуд.

Сафирро дар ин боздидҳо мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ ҳамроҳӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд