(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз раванди бунёди як қатор иншооти сохтмонии шаҳри Хуҷанд шиносоӣ ба амал оварданд.

Роҳбари вилоят нахуст аз аз ҷараёни бунёди хонаи баландошёна дар микроноҳияи 18-ум аз наздик шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои нуҳошёна иборат аз 72 хонаҳои 1, 2 ва 3 хонагӣ бомаром ҷараён дорад. Пудратчии иншооти мазкур ҶДММ “Истиқлол ва КО” буда, сохтмончиён босамар кор карда истодаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ то моҳи феврали соли ҷорӣ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин бо соҳибмулки маркази тиҷоратии бунёдшаванда, ки дар ин мавзеъ ҷойгир буда оид ба тезонидани раванди сохтмон ва ободонии атрофии он супориш дода шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз раванди бунёди бинои маъмурии Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд, ки сохтмони он дар кӯчаи Рифъат Ҳоҷиеви шаҳр бомаром идома дорад, ошноӣ пайдо намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бино аз 5 ошёна иборат буда, дар ин ҷо асосан ҳуҷраҳои кории кормандони кумитаҳои идораи замини шаҳру вилоят, сохторҳои тобеъи он, идораи «Аэрогеодезияи вилоят ва ғайраҳо ҷойгир карда мешаванд.

Роҳбари вилоят ҷиҳати анҷоми босифати корҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардида ба пудратчиёни бино ва масъулини дахлдор маслиҳату супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд