(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар майдони назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои қаннодӣ ва ҳалвопазӣ» баргузор гардид. Ҳунармандон ва ширкатҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодии шаҳру навоҳии вилоят маҳсулотҳои хешро манзури ҳозирин намуданд.

Аз ҷониби занони ҳунарманди шаҳри Хуҷанд анвои гуногуни ширинии миллӣ, ба монанди ҳалвоҳои кунҷитдор, тутдор, себин, зардолугин, мавизин, наботи «Муфассал», парвардаи «Ковок», нишолло, шириниҳо, себқанд, хурӯсчақанд ва ғайра бо маҳорати баланди кадбонугӣ манзур карда шуд. Зиёда аз 10 ширкатҳои истеҳсоли ширинию қаннодиҳои шаҳри Хуҷанд дар ин озмун маҳсулоти хешро пешниҳод карданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳиссаи ширкатҳои истеҳсоли қанннодии шаҳри Хуҷанд дар маҷмуъи маҳсулоти анвои шириниҳои вилояти Суғд назаррас буда, аз 5097 тонна маҳсулоти истеҳсолшудаи соли ҷорӣ 2778 тоннаашро ширкатҳои шаҳри Хуҷанд истеҳсол намудаанд.

Хол Ҳайдар муовини аввали Раиси вилояти Суғд аз намоиши фурӯши дар озмуни «Ҳунарҳои қаннодӣ ва ҳалвопазӣ» пешниҳодшуда, ошноӣ пайдо карда, таъкид дошт, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории чунин намоишгоҳҳо, ки тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар вилояти Суғд ба ҳукми анъана даромадааст, дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ амали муҳиму саривақтӣ аст.

Зеро бо ин восита метавон маҳсули ҳунари мардону занони ҳунармандро ба таври шоиста ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ кард ва он дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссагузорӣ хоҳад шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ин раванд, Ҳукумати мамлакат барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монда, инчунин бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд. Аз ин иқдом ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд изҳори хушудӣ менамоянд ва ҷиҳати эҳё ва муаррифии бештари ҳунарҳои мардумӣ корҳои назаррас анҷом медиҳанд. Озмун-намоишгоҳи имрӯз далели ин гуфтаҳо ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон таъсиси грантҳои Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд маҳз барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии ҳунармандон нигаронида шудааст.

Ҳамин тавр, дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои қаннодӣ ва ҳалвопазӣ» аз руйи бахши қаннодӣ ҷойи аввали насиби ҶДММ «Як лаҳза»-и шаҳри Хуҷанд гардида, мақоми дуюмро қаннод аз шаҳри Бӯстон Саломат Аламзода ва ҷойи сеюмро қаннод аз шаҳри Гулистон Гулчеҳра Машарипова ба даст оварданд.

Дар бахши ҳунари ҳалвопазӣ ширкати «Шириниҳои Тоҷикистон»-и шаҳри Хучанд мақоми аввал, наботпазон Дилшод Сангинов аз шаҳри Истаравшан ва Садрия Зокирова аз шаҳри Исфара мутаносибан ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд