(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар Раёсати Агентии суғуртии иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи нишондодҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020 мулоқот доир гардид.

Ҳотам Маҳмудов, намояндаи МИҲД шаҳри Хуҷанд, собиқадори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда аз ҷумла таъкид дошт, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халадоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии онҳо эътироф гардидааст. Мақсаду мароми Стратегияи муқовимат ба коррупсия паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, фароҳам оврадани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона карда шудааст. Ҳотам Маҳмудов зикр дошт, ки мубориза алайҳи коррупсия як муборизаи тӯлонӣ ва дастаҷамъӣ буда, самаранок гузаронидани он ба амалӣ сохтани як қатор чорабиниҳо вобаста аст. Бояд таъкид кард, ки мақсади ниҳоӣ аз мубориза алайҳи коррупсия устувор намудани арзишҳои демократӣ дар ҷомеа, эҳтироми ҳуқуқи инсонҳо ва пешгирӣ кардани пайомадҳои номатлуби он аст.

Сипас, Усмонҷон Юсуфӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба рафти иҷрои Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2017-2020» маълумот дода, аз ҷумла зикр дошт, ки дар ҷаҳони имрӯза терроризм тамоман аз мафҳуми аввалаи худ фарқ карда, он аз як ҷинояти муқаррарӣ ба як идеология ва доктаринаи ҳалли масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ бо роҳи зӯроварона ва даҳшатафканӣ мубаддал гаштааст. Агар чанд соле пештар гуруҳҳои террористӣ танҳо ба таркишу кушторҳои алоҳида, ноором кардани вазъият, таъсир расонидан ба тасмимгирии мақомоти давлатӣ даст мезаданд ё ин ки ҳадди аксар тасарруфи қудратро дар кишварҳои алоҳида доштанд, имруз онҳо нияти бунёди империяҳои бузург ва барҳамзадани низоми дунявиии давлатдориро дар қисматҳои бузурги олам доранд. Муттаасифона воқеият чунинаст, ки имрӯз ташкилоту созмонҳои террорсистӣ аз ҷиҳати ҳарбӣ ва молиявӣ торафт пурқуватшуда, алҳол имкони муқовимат бо кишварҳои абарқудрат ва ҳатто бо паймонҳои ҳарбӣ- сиёсиро пайдо карда истодаанд, ки инро аз изҳорту баромадҳои роҳбарони ин ташкилотҳои террористӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Омилҳои пурқувват шуданиин ташкилотҳо пеш аз ҳама аз нав тақсимшавии қудрат байни созмонҳои террористӣ, объекти ҳуҷум интихоб намудани кишварҳои ҷангзадаи аз захираҳои табиӣбой, истифодаи моҳирона аз тарзу усулҳои ҷанги иттилоотӣ ва бешубҳа бозиҳои калони геополитикӣ, ки зикрашон дар боло рафт, ба ҳисоб мераванд.

Мулоқот бо мубодилаи афкор анҷом пазируфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд