(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар МТМУ №3-и шаҳр аксияи «Пиряхҳои худро ҳифз менамоем» бо ҷалби хонандагони макотиби миёнаи умумии шаҳр баргузор гардид.

Дар саҳни муассисаи таълимӣ расму овеза ва адабиёти марбут ба эмин доштани пиряхҳо аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд, ки хонандагон ба меҳмонон дар бораи ҳар якеи он маълумоти муфассалро ироа намуданд.

Сипас дар толори МТМУ №3 чорабинии илмӣ-бадеӣ таҳти унвони «Пиряхҳои худро ҳифз менамоем» баргузор гардид.

Хонандагон дар бораи пиряхҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, аз ҷумла таъкид доштанд, ки солҳои охир масъалаи тағйирёбии иқлим ба мушкилоти ҷаҳонӣ табдил ёфта, таваҷҷуҳи аҳли башар сол аз сол ба он афзун мегардад. Ин раванд боиси обшавии пиряхҳо, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, омадани сел ва бештар аз ҳама норасоии оби тозаи ошомиданӣ гардида истодааст. Аз ин хотир диққати ҷомеаи ҷаҳон, алалхусус роҳбарони сатҳи олии мамлакатҳо барои пешгирии он зиёд гардида, аз ҷониби онҳо тадбирҳои қатъӣ андешида мешаванд. Яке аз омилҳое, ки боиси тағйирёбии иқлим мегардад, кӯҳҳо мебошанд. Зеро онҳо аз ҳама бештар ба тағйирёбии иқлим таъсир мерасонанд. Азбаски Тоҷикистон мамлакати кӯҳӣ ба ҳисоб меравад, дар ин ҷо низ аз раванди тағйирёбии иқлим канор истодан ғайриимкон мебошад. Аз ин хотир масъалаи тағийёрбии иқлим дар баробари ҷомеаи башар аз мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дур нест, зеро чанд сол пеш дар Тоҷикистон бештар аз 14 ҳазор пиряхҳои хурд, миёна ва калон вуҷуд доштанд, вале имрӯз беш аз 1000-тои онҳо нест шудаанд, ки ин хеле нигароникунанда мебошад.

Хонандагон саҳначаи ҷолиберо дар бораи таасуроти сайёҳони хориҷӣ зимни боздидашон аз пиряхи Федченко манзури ҳозирин гардониданд.

Иттилоъ дода шуд, ки пиряхи Федченко яке аз пиряхҳои азими Тоҷикистон дар нишебии шарқии қаторкӯҳи Академияи илмҳо дар Помир ҷойгир мебошад. Дарози ин пирях 77 км, масоҳаташ 650 км², ғафсиаш 700-1000 метр буда, паҳнояш то ба 3-5 км² мерасад (ба ҳисоби миёна 1800 м.). Ҳаҷми умумии он ба 93,8 км³ баробар буда, дар он қариб 100 км³ об захира шудааст. Ин пиряхи бузургтарини минтақавӣ — пиряхи Федченко тайи даҳсолаи охир дар ҳаҷми наздик ба 2 км мураббаъ об шуда, боиси нигаронии роҳбарияти олии мамлакат гардидааст.

Азиз Дӯсматов, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ба сифати баргузории аксияи « Пиряхҳои худро ҳифз менамоем» баҳои баланд дода, аз муҳассилин даъват ба амал овард, ки нисбати масъалаи мазкур бетараф набошанд. Зеро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш бори дигар таваҷҷуҳи ҳамагонро ба вазъи кунунии пиряхҳо ва омӯзиши ҳаматарафаи онҳоро ба олимон дастур дода, изҳор доштанд, ки аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудаанд, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад. Тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо гардида, ба ҳаҷми оби дарёҳо ва ба ин васила ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат, таъсири манфӣ мерасонад.

Сипас ба як қатор муассисаҳои миёнаи умумии шаҳр, ки дар аксияи «Пиряхҳои худро ҳифз менамоем» фаъолона иштирок намуданд, ифтихорномаҳои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Манзура Муинова, директори МТМУ №3 барои иқдом ва ҳамкории самарабахши шуъбаи ҳифзи муҳити зист барои ташкили чунин аксияи омӯзишӣ ва тарбиявӣ миннатдорӣ баён намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд