(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар МТМУ №8-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрии Хуҷанд машварати навбатии доимоамалкунандаи директорони муассисаҳои таълиии шаҳр баргузор гардид.

Муқим Болтев, сармутахасиси шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ҷаласаро оғоз намуда, ҳозирнро бо рӯзномаи он ошно сохт.

Сипас, директори МТМУ №8 Хайринисо Иброҳимова дар мавзуъи «Фаъолияти комиссияи ҷамъиятӣ оид ба тадбирҳои иловагии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва 2 августи соли 2011 қабул гардида буд. Ин санади муҳими меъёрии ҳуқуқӣ ва тарбиявию ахлоқӣ дар беҳтар гардидани вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мусоидати фаъол намуд.

Бешубҳа қабули қонуни мазкур гувоҳи тадбирҷўии Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии мактабу маориф, баланд бардоштани мартабаи омўзгорон ва муҳайё намудани шароити зарурӣ барои беҳтар намудани таълиму тарбия ва робитаи амиқ пайдо намудан миёни падару модар ва устодон ба шумор меравад. Дар ҳақиқат ҳамагон шоҳид гашта истодаем, ки дар ин ҷода давлат ва ҷомеа рисолаташро бо камоли масъулият ба сомон расонида истодааст.

Хайринисо Иброҳимова афзуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳнамои маънавӣ тарбияи кўдакону наврасон ва ҷавононро дар рўҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими имрўзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста, масъалаҳои демографӣ ва танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷомеаи солим ба миён гузоштааст, ки роҳу усулҳои самараноки амалӣ намудани онҳо дар Консепсияи миллии тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд ва дар роҳи ба мақоми хирад расонидани онҳо 18 номгўи тарбия пешниҳод гардидааст. Сарвари давлат маорифро соҳаи ояндасози ҳаёти кишвар ҳисобида, таъкид мекунад, ки мактабу маориф омили муҳимтарини амнияти миллӣ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрўза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб азхуд кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд.

Сипас, доир ба мавзуъи баёнгардида, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар қисмати дуюми машварат сарварони муассисаҳои таълимии шаҳрии Хуҷанд ба дарсҳои намунавии омӯзгорони МТМУ №8 аз фанҳои география, тарбияи ҷисмонӣ, технолгияи иттилооотӣ, биология, алгебра, таърихи халқи тоҷик, забони русӣ, ҳуқуки инсон ва ғайраҳо иштирок намуда, онро мавриди таҳлил қарор доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд