(3 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Дастаи “20-солагии Истиқлолият” соҳиби Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд шуд.

Бо мақсади рушди соҳаи варзиш ва тарғиби ҳамаҷонибаи тарзи ҳаёти солим бо ташаббуси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд, бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд аз санаи 17 март то санаи 16 апрел байни дастаҳои маҳаллаҳои маркази вилоят мусобиқаи футбол баргузор гардид. Дар варзишгоҳи ба номи “20 солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” давраи ниҳоӣ байни дастаҳои “Ваҳдат”,Мевағул”, “Сирдарё” ва “20 солагии истиқлолият” барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ баргузор гардид.
Дар ниҳояти мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд, дастаҳои “20 солагии истиқлолият” ва дастаи “Сирдарё” байни худ қувваозмоӣ намуданд. Бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи дастаи “20 солагии истиқлолият”, ба анҷом расид. Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа дар ҷойи сеюм дастаи “Ваҳдат” қарор гирифта, ҷой дуюм бошад насиби дастаи “Сирдарё” гашт.

“Имрӯзҳо дар Тоҷикистон бо кушишу таваҷҷӯҳи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш ва тарзи ҳаёти солим ҳамҷониба тарғибу ташвиқ мешавад.
Байни сокинон ва мардуми кишвар маҳбубияти хос доштани футбол ва ба ҳамин васила интихоби варзиш беш аз ҳама барои ҷавонону наврасон аҳамияти хоса дорад.
Барои тарғиби футбол, ҷалби ҳар чи бештари мардум ба он Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Рустами Эмомалӣ ба рушди футбол аҳамияти хоса дода мешавад. Баргузории чунин мусобиқаҳо байни сокинони синну соли гуногун аз оммавияти ин намуди варзиш шаҳодат медиҳад.”- зикр намуд дар суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд.
Б а дастаҳои “Ваҳдат” ва “Сирдарё” барои ишғоли ҷойҳои сеюму дуюм медал, диплом, тӯҳфаҳои хоиравӣ ва ба дастаи “20 солагии истиқлолият” бошад, Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода супорида шуд. Ҳамчунин 6 нафар бозингарони беҳтарини дастаҳои дар мусобиқа ширкат намуда низ қадрдонӣ шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд 12 дастаҳои маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ширкат намуданд. Ин мусобиқа минбаъд низ идома дода хоҳад шуд.