(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар кори он муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ҷаласаро оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно намуд.

Сармутахасиси шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муқим Болтуев доир ба фаъолияти шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар 9 моҳи соли 2019 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд соли таҳсили навро бо рӯҳияи баланди худогоҳию худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ истиқбол намуда, фаъолияти назарраси худро баҳри таълиму тарбияи шоистаи насли наврас вусъати комил бахшида, ба як қатор дастовардҳои назаррас мушарраф гардид. Аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд дар самти ба камол расонидани хонандагони донишманду ватанпараст, амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи маориф талошҳои созанда намуда, дар нӯҳ моҳи соли 2019 ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи шуъбаи маориф вохўриҳо оид ба «Низоми ИМД ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо хатмкунандагон, волидон, омўзгорон ва бо иштироки мутасаддиёни ММТНПҶТ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотию тарғиботӣ гузаронида шуд. Аз 2621 нафар хонандагони муассисаҳои таълимиро хатм намуда, 1623 нафар ба мактабҳои олии кишвар тариқи ММТ, 459 нафар ба мактабҳои олии хориҷи кишвар дохил гардиданд.

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат 4 нафар хатмкунандагон (ятимони кулл) –и МТМУ №5, 6, 22, 26 - и шаҳри Хуҷанд. соли ҷорӣ 1 нафар ба Донишгоҳи политехникии Донишкадаи технологии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ва 3 нафар ба коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд дохил шуда, сазовори номи донишҷӯйро гардиданд. Дар 45 муассисаҳои таълими шаҳр марказҳои «Рушди истеъдодҳо» таъсис дода шуда, то имрӯз фаъолият карда истодаанд.

Таъкид гардид, ки дастаи хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дар гирифтани медалҳои тилло ва нуқра, аттестати аъло, иштирок дар олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайваста ба мақомҳои ифтихорӣ ноил мегарданд. Се нафар муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳр аз рўйи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2018-2019 аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалҳои тилло ва нуқра сазовор гардиданд. Инчунин, 87 нафар хонандагони синфи 9-ум ба гирифтани аттестати аъло сарфароз гардонида шуданд. Дар соли равон 102 нафар хонандагони синфҳои 5-11 дар Олимпиадаи фаннии вилоятӣ, дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 47 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр сазовор гаштанд. Дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ толибилмони шаҳр ба гирифтани 5 ҷойи ифтихорӣ, дар олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ 8 ҷой, дар олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ 71 ҷой, дар маҷмӯъ 84 ҷойи ифтихорӣ сазовор гардиданд. Дар озмуни байналмилалии экологӣ дар Абудабӣ ду нафар хонандагони гимназияи ба номи Гёте сазовори мукофоти Султони Аморати муттаҳидаи Араб гардиданд. Дар сессияи ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳо дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба гирифтани 97 ҷойи ифтихорӣ сазовор гаштанд. Дастаи Нозирони навраси ҳаракати МТМУ №18 дар даври ҷумҳуриявии озмуни Нозирони навраси ҳаракат, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуда, сазовори ҷойи 3 гардид.Дар соли 2019 - 7 нафар хонандагон барандагони Стипендияи Президентӣ ва 60 нафар барандагони Стипендияи Раиси шаҳр гардиданд.

Сипас, аз рӯйи масоили дигари ҷаласаи Шӯрои маорифи шаҳр, аз ҷумла натиҷаҳои ҷамъбасти атестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таълими салоҳиятнок дар муассисаҳои таълимӣ, дастовард ва мушкилот, рафти иҷрои барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илми таҳқиқотӣ барои солҳои 2018-2022, ҷалби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба китобхонаи электронӣ ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд бо натиҷагирӣ аз фаъолияти маорифчиён дар 9 моҳи соли ҷорӣ оид ба вусъатбахшии корҳои таълиму тарбия, бахусус баланд бардоштани саводнокии хонандагон дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ироа намуд. Дар анҷоми ҷаласа ба як қатор фаъолон ифтихорномаҳои шуъбаи маорифи шаҳр тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд