(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дастгоҳи нави «Ангиография» дар хизмат.

Дар бахши хуҷандии бемористони Ибни Сино дастгоҳи нави олмонии «Ангиография» васл гардид. Дар маросими ба фаъолият оғоз кардани ин таҷҳизоти дилшиносӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок карданд.
Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз кори дастгоҳи нави олмонии «Ангиография» изҳор дошт, ки шаҳрвандоне, ки ба бемории ишемияи дил ва рагҳои хунгузар гирифтор мешуданд, барои муолиҷа ба кишварҳои бурунмарзӣ сафар мекарданд ва чунин имконият на ба ҳама муяссар мегашт. Ҳамзамон барои сафар, муоина ва табобат маблағҳои зиёд харҷ мешуд. Чунин дастгоҳи муфид дар вилоят нахустин буда, барои сари вақт муайян кардани беморӣ ва табобати он ба пизишкон ёрии калон мерасонад.
Дастгоҳи ташхисии мазкур 1 миллион доллари ИМА арзиш дошта, онро ширкати олмонӣ истеҳсол кардааст. Ба кор даромадани ин таҷҳизоти тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд ба сокинони вилоят шароити мусоид фароҳам меорад, ки дар ин ҷо табобат гиранд ва дар мӯҳлати кӯтоҳ дармон ёфта, назди пайвандон баргарданд.
Мутахассиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Алдабони Сомӣ ба фаъолият шурӯъ намудани дастгоҳи «Ангиография»-ро қадами нахустини ҳамкориҳои ду мамлакати ҳамсоя дар соҳаи тиб арзёбӣ кард ва минбаъд баҳри ривоҷи ҳамкориҳо изҳори омодагӣ намуд.
Муовини директории Беморхонаи Ибни Сино оид ба корҳои табобат Сарҳад Бобоалиев дастгоҳи мазкурро хусусан барои муайян кардани бемориҳои рагҳои узвҳои бадан ва ишимияи дил муфид дониста, минбаъд ба воситаи ин таҷҳизот назардошт шудани ҷарроҳии амалиёти дилро арз дошт.
Беморхонаи Ибни Сино 22-марти соли 2013-ум ба фаъолият шурӯъ карда, он дорои 12 кати беморӣ аст. Асосан, маризоне ки бемории қалб доранд, дар ин ҷо табобат мегиранд. Он дорои таҷҳизотҳои замонавии тиббӣ буда, ҳамзамон ташхиси гурда, амрози занона низ гузаронида мешавад. Дар оянда табобати дандон ва амалиётҳои ҷарроҳӣ ҳам назардошт шудааст – изҳор дошт, мудири бахши хуҷандии Беморхонаи Ибни Сино Гавҳар Пӯлодова.
Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳамроҳони ӯ утоқҳои табобатии беморон, кори табибон ва ҳуҷраи ҷарроҳиро низ аз назар гузаронида ва бо табобатгирандагон сӯҳбати самимӣ оростанд.
Ҳамзамон, Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти муассисаи табобатӣ дастур дод, ки муоина, ташхис, табобат ба мардум дастрас бошад ва ҳар мариз сари вақт аз беморӣ дармон ёбад.