(1 овоз, миёна 2.00 аз 5)

alt Дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори ҷавони сол» баргузор гардид, ки дар он 4 нафар ғолибони даври ниҳоӣ иштирок намуда, маҳорати педагогии худро аз рӯйи шартҳои озмун ба ҳайати ҳакамот манзур намуданд.

Нахуст довталабони озмун: Фарангис Баҳодурова, омӯзгори МТМУ №27, Меҳринисо Оқилова муаллимаи МТМУ №10, Баҳоралӣ Умаров аз мактаби хусусии «Паймони азизон», Муъминҷон Иброҳимов аз литсейи донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд дастовардҳои меҳнатии худро зимни таълиму тадрис ба доварон пешниҳод намуданд. Сипас аз рӯйи шартҳои озмун маҳорати хешро нишон доданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар даври аввали озмун довталабон аз рӯйи шартҳои кор бо компутер ва тахтаи электронӣ, дарси намунавӣ аз рӯйи ихтисос, тартиб додани нақшаи тематикӣ, ташкили мизи мудаввар дар мавзуъи рӯзмарраи соҳаи маориф ва саволҳои сиёсӣ дониши хешро санҷиданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамот мақоми аввалро Муъминҷон Иброҳимов аз литсейи донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд, ҷойи дуюмро Фарангис Баҳодурова, омӯзгори МТМУ №27 ва зинаи сеюмро Баҳоралӣ Умаров аз мактаби хусусии «Паймони азизон» ба даст оварданд. Барои иштироки фаъолона Меҳринисо Оқилова муаллимаи МТМУ №10 бо сипосномаи озмун қадршиносӣ гардид.

Ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки озмуни «Омӯзгори ҷавони сол» ҳамасола чун рамзи эҳтиром, гиромидошти садоқати бепоён ва нақши босазои омӯзгорони ҷавон дар таълиму тарбияи шоистаи насли наврас гузаронида мешавад.

Ҳадафи асосии озмун дарёфт ва ошкор намудани омӯзгорони ҷавони боистеъдод, эҷодкору навовар, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, баланд бардоштани дониши касбӣ, сайқал додани маҳорати омӯзгорӣ, тартиби ҳамаҷонибаи таҷрибаи педагогии омӯзгороне мебошад, ки дар таълиму тарбияи шогирдон ба натиҷа ва дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд