(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар майдони назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд аз Иди Меҳргон таҷлил карда шуд. Дар намоишгоҳ аз ҷониби сохторҳои кишоварзии вилоят техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Инчунин намоишгоҳи маҳсулоти дастранҷи кишоварзон, ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба сокинон манзур карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳамадзода аз растаи намоишгоҳи техникӣ ва ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ошноӣ пайдо намуданд. Маҳсулоти дар ярмарка манзургардида аз бозор то 30 фисад арзон буд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳозиринро бо Иди Меҳргон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки «Солиёни зиёде миёни мардуми мо дар минтақаҳои гуногун Меҳргон бо номи Иди ҳосил ҷашн гирифта мешуд. Мардум ҳар тирамоҳ бо нишонаи шукргузорӣ аз ҳосилғундорӣ ва фаровонии зироату меваҷот маъракаи пуршукӯҳи идона барпо мекард. Ҳамчунин дар ин давра кишоварзону деҳқонон бо омадани Меҳргон ҳашару идҳои оммавӣ, мисли сайру гашт ва идҳои харбузаву тарбуз, себ ё ягон маросими хурсандӣ доир менамуданд.

Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии ҷашни мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш оварда, эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.

Раиси вилоят афзуд, ки ин идҳои суннатию таърихии аҷдодонамон маҳз дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иқдоми бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардиданд. Ва ҳар сол бо фаро расидани тирамоҳи зарин яке аз ин идҳои бузург- ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу тантанаи хосса таҷлил мегардад. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих манша мегирад. «Меҳргон» рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад».

Таъкид гардид, ки ки «Меҳргон» иди ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ин рӯз либоси идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик менамуданд. Суфраи ҷашни «Меҳргон»-ро низ бо матое, ки ранги арғувонӣ дошт, густурда мекарданд. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва хушбӯиҳо, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад. «Меҳргон» таҷассуми суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса инъикос менамояд. Меҳргон дар радифи ҷашни Наврӯз бузургтарин ва пуршукӯҳтарин ҷашни аҷдодии мардуми форсизабон, аз ҷумла тоҷикон буда, рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили боарақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд