(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ҳамшаҳриён ва соҳибкорони гиромӣ!

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кулли соҳибкорони бонангу номуси Ватанро бо иди касбиашон - Рўзи соҳибкорон сидқан муборакбод намуда, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, рўзгори ободу осуда ва дар меҳнати пурифтихорашон баҳри ободию пешрафти кишвари азизамон муваффақиятҳо хоҳонам.

Имрўз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳибкориро яке аз самт-ҳои афзалиятнок дониста, ҳамеша барои пешбурди фаъолияти онҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Аз ҷумла, тавре огаҳӣ дорем, дар Паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ барои солҳои 2019-2020 мораторий эълон намуда, ҳамзамон пешниҳод намуданд, ки дар кишварамон “300 рўзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ карда шавад.

Бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ дар шаҳри Хуҷанд соли ҷорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 100 иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум заминаи воқеӣ гузошт ва ба ҳусни нотакрори шаҳр шукўҳу шаҳомати хоса зам намуд.

Ҳамзамон, соҳибкорони сарбаланди шаҳри бостонии Хуҷанд даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани рушди саноатикунонии кишвар гарм истиқбол намуда, имрўз барои ҳарчӣ бештар ташкил намудани корхонаҳои хурду миёна ва ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳар иқдоми нек ва ташаббуси созандаи соҳибкорону сармоягузоронро ҳамеша дастгирӣ карда, барои амалишавии мақсаду мароми онҳо шароити заруриро муҳайё менамояд.

Итминони комил дорам, ки бо азму талоши соҳибкорони ватандўсту меҳанпараст минбаъд низ дар шаҳр корҳои обо- дониву созанда вусъат дода шуда, ҷашни бузурги миллиамон 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ пеш- воз мегирем.

Бори дигар соҳибкорони арҷмандро бо иди касбиашон - Рўзи соҳибкорон табрик намуда, барояшон сарбаландӣ, хонаободӣ ва дастовардҳои навини меҳнатӣ таманно менамоям.