(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд баҳри сазовор истиқбол намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар микроноҳияи 34-уми маҳаллаи Навбаҳори шаҳр аксияи «Тозагии муҳити зист» ташкил ва гузаронида шуд.

Ба аксияи мазкур беш аз 200 нафар кормандони таваллудхонаи шаҳрӣ, 20 нафар мураббиёни кӯдакистони №27 ва 40 нафар табибони беморхонаи микроҷарроҳии чашм ҷалб гардиданд.

Ҳашарчиён муташаккилона дар ободу тоза намудани минтақаҳои ҳудуди муассисаҳои хеш саҳми худро гузошта, партовҳоро дар мавзеъи муайянгардида ҷамъ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки мутаасифона солҳои охир таъсири инсон ба вайронкунии муҳити зист баръало эҳсос мешавад. Бераҳмона муносибат кардани шаҳрвандон ба муҳити зист ва фаъолияти худ ба мушоҳида мерасад. Шаҳрвандон бояд дарк кунанд, ки онҳо низ як узви табиат буда, ободӣ, тозаву озодагӣ, ҳифзи фазои солимро худашон фароҳам месозад ва шахс набояд ба худ зарар расонад. Дар тоза нигоҳ доштану ҳифз кардани табиат ҳамагон муваззафанд ва набояд бетараф истад.

Риоя нашудани талаботи қонунгузории мақомоти ҳифзи муҳити зист боиси он мегардад, ки атроф ҳолати ҳузнангезро фаро гирад ва омили пайдошавии ҳар гуна бемориҳо шавад.

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд тасими гирифтааст, ки алайҳи чунин қонуншиканон ва мутасаддиёни бепарво тибқи қонунгузории кишвар чораҳои ҳуқуқӣ андешад.

Аз ҷониби ташаббускорони ин иқдом таъкид гардид, ки минбаъд низ аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зист ҳар ҳафта чунин аксияҳои тозагӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд