(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти дастаи мунтахаби футболи ҷавонони 17 солаи Тоҷикистон бо ҳузури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва беш аз 6000 нафар ҷавонони маркази маъмурии вилояти Суғд баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (БРСММ дар Тоҷикистон) як қатор фестивалҳо гузарониданд, ки ба тими ҷавонони кишвар (U-17) барои Ҷоми ҷаҳонии 2019 дар Бразилия пешбинӣ шуда буданд.

Дар чорабинӣ бозигарони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) барои кӯдакон дарсҳои мастер-класс баргузор карданд ва ба онҳо тӯбҳо ва футболкаҳои хотиравӣ тақдим карданд. Ҳамзамон викторинаҳо доир ба мавзуъи бозии футбол гузаронида шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бозингарони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17)-ро бо муваффақияте беназирашон дар сатҳи ҷаҳонӣ табрику таҳният намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки иштироки ягона тими футболи наврасони Тоҷикистон миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла 24 тими пурқуввати қораи Осиё ва 211 мунтахабаи миллии ҷаҳонӣ кори осону саҳл нест, ки футболбозони тоҷик ба он мушрраф гардиданд. Ва ин ифтихори кулли тоҷикистониён аст.

Сипас, аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба бозингарон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Бояд қайд кард, ки дар Ҷоми Ҷаҳон-2019 (U-17), ки аз 26 октябр то 17 ноябр дар Бразилия баргузор мешавад, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи E якҷоя бо дастаҳои Испания, Аргентина ва Камерун бозӣ хоҳад кард.

Дар даври аввали Ҷоми ҷаҳонии 2019, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 28 октябр бо тими миллии Камерун вомехӯрад. Дар даври дуюм, 31 октябр, ҷавонони мо бо ҳамсолони Испания бозӣ хоҳанд кард. Ва дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳ 3-юми ноябр тимҳои Зайниддин Раҳимов бо тими миллии Аргентина вомехӯранд.

Ҳама бозӣ бо иштироки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар варзишгоҳи Эстадио Клебер Андраде дар шаҳри Кариасики Бразилия баргузор мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд