(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ҳунармандони Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар аввалин Фестивали байналмиллалии театрҳои касбӣ таҳти унвони “Abish Alimi”, ки дар шаҳри Актау-и Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, ширкат хоҳанд кард.

Бино ба иттилои саркоргардони театр Сӯҳроб Шехов дар фестивали мазкур Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо намоишномаи “Табиби паррон“ ва аз рӯи нақша санаи 12 октябр ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Бояд зикр намуд, ки Фестивали байналмиллалии Театрҳои касбӣ таҳти унвони “Абиш Алеми” (Сулҳи Абиш), аз санаи 11 то 15 октябр дар шаҳри Актау-и Ҷумҳурии Қазоқистон бахшида ба ёдбуди нависандаи халқии Ҷумҳурии Қазоқистон, ходими давлатӣ Абиш Кекилбаев баргузор гардида, дар он ҳунармандони давлатҳои Туркия, Федератсияи Русия, Қирғизистон, Эрон, Туркманистон ва Тоҷикистон ҳунарнамоӣ менамоянд.

Фестивали мазкур баъди ифтитоҳ гардидани Маркази фарҳанг ба номи Абиш Кекилбаев оғоз меёбад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд