(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Санаи 9-уми октябри соли равон соати 12:00 дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти дастаи футболи мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон бо беш аз 6000 нафар ҷавонони шаҳр баргузор мегардад.

Дар ин бора нақша чорабиниҳо аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода тасдиқ ва масъулини дахлдор ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани мулоқот муваззаф гардидаанд.

Интизор меравад, ки дар ҷараёни мулоқот бози дӯстона байни тими футболи навраси соли таваллуди 2007-2008-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи футболи мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон баргузор гардида, ташкили викторинаҳои гуногун барои мухлисон ба назар гирифта шудааст. Ҳамзамон аз ҷониби дастаи футболи мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон нишон додани маҳорати бозингарӣ пешбинӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки якшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 байни дастаҳои футболи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ва Сурия хеле ҷолиб баргузор гардид. Шогирдони Зайниддин Раҳимов дар даври ниҳоӣ бар дастаи мунтахаби ҷавонони Сурия бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Голи ягонаро дар дақиқаи 23-юми дидор Шаҳром Самиев ба ҳадаф расонид. Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» се ғалаба ба даст оварда, ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифт.

Хотиррасон менамоем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ду даври қаблӣ бар дастаҳои мунтахаби Малдив (9:0) ва Лубнон (1:0) ғалаба кард. Бо гирифтани 9 холи имконпазир футболбозони дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» ҷои аввалро ишғол карда, ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020, ки соли оянда дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд. 14 дастаи иштирокчии дигари марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 10 ноябр, пас аз анҷоми марҳилаи интихобӣ дар 10 гурӯҳи боқимонда маълум мегарданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд