(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифтааст, аз якчанд иншооти бунёдшаванда, ки аҳамияти иҷтимоӣ доранд, боздид ба амал овард.

Нахуст, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади огоҳӣ аз раванди сохтмон ва тадбирҳои амалишавандаи таъминкунии оби нӯшокӣ ва иншооти сохташаванда доир ба дастрасии аҳолии маҳаллаҳои навбунёд ба оби нӯшокӣ дар ҳудуди шаҳр ошноӣ пайдо намуд.

Итттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби маъмурияти корхонаҳои сохташудаистодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади таъмин намудани аҳолии маҳаллаҳои навбунёди соҳили рости шаҳри Хуҷанд ҷиҳати сохтмони иншооти “Хатти обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд", марҳилаи аввали он, яъне таҷдид ва зиёд намудани иқтидорҳои истгоҳи №4 КВДК “Хуҷандобуканал” корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуданд.

Аз ҷумла, корҳои таҷдид ва зиёд намудани иқтидорҳои истгоҳи №4, кашидани хатти барқӣ аз истгоҳи барқии Хуҷанд то истгоҳи оббардор пурра ба анҷом расонида шуда, 2 адад трансформатори иқтидори 10 000 Квт насб, 2 адад ҳавзҳои захиравии оби нӯшокӣ ҳар кадоме бо ҳаҷми 500 метри мукааб ва як ҳавзи 2500 метрии мукааб дар қисмати болоӣ микроноҳияи нав бунёд гардидааст. Корҳои сохтмониву васлгарӣ хатти обрасонӣ аз истгоҳи №4 то истгоҳи оббардор ва аз истгоҳи оббардор то ҳавзҳои захиравӣ ба итмом расонида шуданд. Корҳои насби иншоот ба пойгоҳи обкашӣ бомаром ҷараён дорад.

Раиси шаҳр ба масъулини дахлдор дастур дод, ки дар баробари боз ҳам зиёд намудани иқтидорҳои пойгоҳи обкашӣ тадбирҳо андешида шуда, ҷиҳати фаъол намудани корҳои васлгарӣ дар иншооти номбурда тезонида шаванд ва барои таъмини аҳолии маҳаллаҳои навбунёди микроноҳияҳои 2-5 бо оби нӯшокӣ то охири соли ҷорӣ саъю кӯшиш намоянд.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ҷараёни бунёди хонаи баландошёна дар микроноҳияи 18-уми шаҳр аз наздик шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бинои 9 ошёна иборат аз 72 хонаҳои 1, 2 ва 3 хонагӣ бомаром ҷараён дорад. Пудратчии иншооти мазкур ҶДММ “Истиқлол ва КО” буда, сохтмончиён босамар кор карда истодаанд. Маъруф Муҳаммадзода ҷиҳати анҷоми корҳои сохтмонӣ то моҳи феврали соли 2020 ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сипас, Раиси шаҳр аз раванди бунёди гузаргоҳи зеризаминии кӯчаи Шарқи мавзеъи бозори марказии "Панҷшанбе" ошноӣ пайдо намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар гузаргоҳи зеризаминӣ корҳо вусъат бахшида шуда, дар се баст беш аз 60 нафар сохтмончиён кору фаъолият доранд.

Гузаргоҳи зеризаминӣ бо паҳноии 18 метру дарозии 260 метр бунёд шуда, дар он сохтмони беш аз 70 нуқтаи савдо пешбинӣ гардидааст. Интизор меравад, ки болопӯши асосии гузаргоҳи зеризаминӣ даҳаи аввали моҳи декабри соли равон анҷом мепазирад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба масъулини сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ дастур дод, ки ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо тадбирҳо андешанд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба суръатббахшии корҳо дар қисмати асосии бунёди гузаргоҳи зеризаминӣ дода шуд. Таъкид шуд, ки ҳар чӣ зудтар барои равуои бемайлони мардум шароит муҳайё карда шавад.

Шаҳрдор ба масъулини сохтмони иншооти мазкур супориш дод, ки то моҳи феврали соли 2020 иншоот пурра омода гардида, ҷиҳати мумфаршкунии пурраи кӯчаи Шарқ, чароғоннамоӣ ду қадди роҳ бо усули муосир, сохтмони ҷӯйбор ва девораҳои қадди роҳ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки иншооти бунёдшавандаи дар боло номбаргардида хусусияти иҷтимоӣ дошта, барои дастрасии мардум ба оби нӯшокӣ, манзили зист, ҷойи корӣ ва рушди соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, баҳри таъмини зиндагии шоиста ба мардум нигаронида шудааст.

Бояд қайд намуд, ки раванди сохтмон ва бунёди иншооти мазкур зери назорат ва таваҷҷуҳи доимии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарор дорад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд