(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Cубҳи имруз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум ва захиранамоии маводи озуқа дар фасли тирамоҳу зимистон дар мавзеъи назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка фурӯши фаровони маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва саноат сурат гирифт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуда, бо харидорон ва фурӯшандагон сӯҳбати озод ва мустақим дошт. Роҳбари вилоят таъкид намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ташкил карда мешавад, то, ки барои мардум нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас бошад.

Дар ярмарка ба сокинони шаҳри Хуҷанд аз бозор 20-50 фисад арзиши маҳсулот пешкаш карда шуданд. Масалан нархи як кило гӯшти гов 40 сомонӣ, пиёз 1 сомонию 10 дирам, сабзӣ 2 сомонӣ, шалғам ва турб 1 сомонию 50 дирам, картошка 1-1 сомонию 50 дирам, биринҷ 8 сомонию 50 дирам, себ 4 сомонӣ, анор 5 сомонӣ, шакар 6 сомонӣ, намак 75 дирам, набот 8, асал 20, як дона тарбуз 1 сомонӣ,як адад зарф равғани 4, 5 литра 48 сомонӣ, сомонӣ арзиш доштанд. Як халтаи орди 50 килоиро бо арзиши 175 сомонӣ мефурӯхтанд. Маҷмуъан кишоварзони вилоят беш аз 60 тонна маҳсулотро ба харидоронро пешниҳод намуданд.

Мардум аз ин фаровонии ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ изҳорӣ хушнудӣ намуда, ба ташкилкунандагони он арзи сипос намуданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки пагоҳ, яъне санаи 6.10. 2019 низ ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ дар мавзеъи майдони театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд