(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар МТМУ №11-и шаҳри Хуҷанд чорабинӣ бахшида ба Рӯзи забон таҳти унвони "Забони модарӣ забони оламгир" ташкил ва гузаронида шуд. Хонандагон дар бораи мақоми забони тоҷик, таърихи ҳазорсолаи забони тоҷикӣ, шуҳрати ҷаҳонии ин забон шеъру гуфторҳо қироат намудаанд.

Таъкид гардид, ки сухани ноб ва ширину шевои тоҷикӣ бори нахуст дар баландтарин минбарҳои ҷаҳон аз забони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод ва ба ҷаҳониён аз ҳастии давлату миллати тоҷик мужда расонд. Танини ҷонбахши забони модарӣ ва забони офаридаҳои Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синову Берунӣ, Носири Хусраву Умари Хайём, Саъдию Мавлоно, Ҷомию Аҳмади Дониш, Айнию Турсунзода… дар ақсои олам аз эҳёи дигарбораи забону фарҳанги ҳазорсолаи тоҷикон хабар дод. Ғояти камоли забони модарӣ дар суханрониҳо ва силсилаи асару мақолаҳои Пешвои миллат завқи забондонию забономӯзиро дар дили хурду калон, пиру барно бедор кардааст. Дар қалби кӯчаки кӯдакону наврасон шуълаи тобноки муҳаббати самимона ба забони модарӣ фурӯзон шуд ва дигар муҳол аст, ки боду борони рӯзгорон ин шуълаи муҳаббату самимиятро хомӯш гардонад.

Хонандагон зикр намудаанд, ки бо шарофати сиёсати забонгустарӣ ва иқдомҳои пайдарпайи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина забони модарӣ ҷойгоҳи аслии худро дар миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа, дар ҳамаи мактабу коллеҷ ва донишгоҳу донишкадаҳо, дар тамоми идораву вазоратхонаҳо ва корхонаву муассисаҳо пайдо намуд ва дар мақоми шоиставу боистаи худ ҷой гирифт. Дар натиҷаи чунин сиёсат тадриҷан сатҳи забондонии аҳли ҷомеа боло рафта, забони матбуот ва дигар воситаҳои ахбор беҳтар ва симои лавҳаву овезаҳои шаҳру деҳот ба куллӣ дигаргун шуд.

Саҳначаи ҷолибе оид ба нигоҳдошти беолоиши забон намоиш дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд