(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар муассисаи давлатии Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки аҳли илму адаб ва фаъолони шаҳр аз Рӯзи забони тоҷикӣ таҷлил карда шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки забон баёнгари сарнавишти таърихии халқи тоҷик буда, бо истиқлолияти Ватани мо пайванди ҷовидонӣ пайдо кардааст. Имрўзҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳар шаҳрванди соҳибдилро мебояд, ки забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бузург эҳтиёт карда, онро аз таъсиру таҳдидҳои беруна эмин нигоҳ дорад. Сарбаландии мо, мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз он сарчашма мегирад, ки соҳиби забонем, ки ба он соли 1989 мақоми давлатӣ бахшидем. Ифтихори миллӣ, Ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он сар мешавад.

Таъкид шуд, ки забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикист, ки он барои ҳар сокини ин кишвари соҳибтамаддун азизу гиромӣ гаштааст. Забони тоҷикӣ ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлат ҳимоя ва нигаҳдорӣ мешавад. Аз ин рў, сиёсати давлат дар бораи забон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири сиёсати давлатӣ дар таъмини рушди бомароми забони давлатӣ ва забонҳои дигари ҷумҳурӣ равона шудааст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Забони миллӣ рукни муҳимтарини давлатдорӣ буда, ҳифз кардани он, риоя намудани меъёрҳо ва аз забони халқу осори гаронбаҳои пешин бой гардонидани захираи луѓавии ин забони нобу шоирона, вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад. Мо бояд дар шароити кунунӣ ба рушди забонамон эътибори ҷиддӣ диҳем ва онро аз таъсири манфии ҳар гуна унсурҳои бегона эмин нигоҳ дорем».

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки забон таърихи зиндагии миллат ва пайвандгари наслҳои дирўзу имрўзу фардо мебошад. Забони тоҷикӣ, лафзи ширини модарии мо аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад ва бо осори Рўдакию Фирдавсӣ, Саъдию Хайём, Ҳофизу Камол, Турсунзодаву Лоиқ ва бисёр дигар роҳпаймоёни адабиётамон шўҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Таҷлил гирифтани ин санаи муборак эътиқоду эҳтиром ва арҷгузории имрўзиён ба забони тоҷикӣ, ба фарҳанги асил, ба авлоду аҷдоди сарбаландамон аст, ки новобаста аз гирдобҳои таърихӣ забони модарии хешро чун асли тоҷик ҳифз кардаанд, аз бадалшавӣ ба забонҳои ѓайр эмин доштаанд.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки забони модарӣ баёнгари сарнавишти тоҷикон, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост. Аз ин лиҳоз, ҳифз кардани забони тоҷикӣ, нигаҳдорӣ ва сайқал додани он вазифаи муқаддас аст.

Сипас, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона баромад карда, аз ҷумла гуфт, ки Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо забони мо ҷаҳонро фатҳ кард. Маликушшуаро бо ҳарфи тоҷикӣ дар баробари баёни ормонҳои миллӣ бо паёми оламафрӯзаш арзишҳои умумибашариро дар ақосои олам паҳн намуд. Дигар бузургони миллати мо то ба имрӯз дар рушд ва такомулу гиромидошти забони тоҷикӣ хидмати босазо карда меоянд. Забони тоҷикӣ, муродифи забони муҳаббат, ишқ, садоқат буда, ширинтарин ва гуворотарин забон дар дунё аст.

Бо иштироки ҳунармандон саҳнаи ҷолибе аз рӯзгори шоир Камоли Хуҷандӣ намоиш дода шуд. Суруду таронаҳои васфи диёр миллат ва забони давлатӣ табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд