(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар муассисаи томактабии «Ғунчаи Истиқлол» аз Иди омӯзгор таҷлил карда шуд. Тарбиятгирандагони ин муассисаи томактабии навтаъсис бо мураббиёни худ барномаи рангини адабию фарҳангӣ фарогирии васфи муаллим пешниҳод намуданд. Шеъру суруд ва гуфторҳо дар бораи қадру манзалати мураббия, устод ва муаллим гуфта шуд.

Таъкид гардид, ки омӯзгор машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб мешавад, ин рисолат ӯро дар ҷомеа сазовори обрӯ ва эҳтироми хоса гардонидааст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд.Муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯздаиадаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Омӯзгори дилсӯзу бомаърифат ва ба тарбияи инсон содиқ чароғи маърифат ва боигарии миллат аст.

Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ чунин хоҳанд монд.

Тарбиятгирандагони муассисаи томактабии «Ғунчаи Истиқлол» барномаи фарҳангии хешро бо 3 забон манзури ҳозирин гардониданд. Саҳнаи ҷолибе аз ҷараёни дарси омӯзгор бо иштироки тарбиятгирандагон пешниҳод карда шуд.

Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири маорифи шаҳри Хуҷанд маҳфили хушҳолии муассисаи томактабии «Ғунчаи Истиқлол» бахшида ба Рӯзи омӯзгор натиҷагирӣ карда, барои ташкили чунин чорабинии васфи тану миллат ва устоду тарбиятдиҳанда арзи сипос намуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳанӯз 23-юми авгуфти соли ҷорӣ дар рӯзи доири сафари кори худ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Боғчаи бачагонаи рақами 3-ро, ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати умумии 1 га бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ, ифтитоҳ намуданд. Боғчаи бачагонаи “Ғунчаи Истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, имкон дорад 200 кудакро ба таълиму тарбия фаро гирад. Бо ифтитоҳи ин муассисаи томактаби акнун 40 нафар, имкон пайдо намуданд, ки дар шароити хубу муосири корӣ, ба тарбияи кӯдакони синни томактабӣ машғул шаванд. Боғчаи бачагон дорои хонаи қабули кӯдакон, толорҳои васеъи таълимӣ, ҳуҷраҳои барҳаво барои хоби кӯдакон, нуқтаи санитарӣ, толори мусиқӣ, толори калон барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ, ошхона, анборҳои маводи хӯрока барои сабзавоту ғалладона мебошад. Инчунин дар саҳни ҳавлии бинои мазкур, шаш айвончаи бозӣ, майдончаи варзишии тобистона, ҳавзи шиноварӣ бунёд гардидааст. Дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон, дар бинои навбунёд ба корҳои сохтмонӣ ва шароити муассиса баҳои баланд доданд. Сокинони шаҳри Хуҷанд муассисаи навбунёдро туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои насли ояндасози миллат, арзёбӣ карда, ба Президенти мамлакат барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Пешвои миллат тарбиятдиҳандагонро барои тарбияи кудакон дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ ҳидоят карданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд