(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд дар муассисаи кабудизоркунӣ.Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносии вазъи парвариши ниҳолу гулбуттаҳо ва тайёр намудани онҳо барои ороиши кучаю гулгаштҳои маркази вилоят, ба Муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд омад. Ҳоло дар муассисаи мазкур барои вусъат бахшидан ба корҳои гулкорӣ ва ободонӣ марҳилаи нави корӣ оғоз ёфтааст.
Кормандон бо маслиҳату назорати мутахассисони соҳа, ба шинондани ниҳолҳои навъи гуогуни сузанбарги 3-4 сола ва коҷ машғуланд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба роҳбарияти ин муассиса дастур дод,ки то санаи 25 апрели соли равон тамоми ниҳолҳои ороишӣ, ки миқдори умумии онҳо 15 ҳазор бехро ташкил медиҳад, барои нашунамои минбаъда дар замини ин муассисаи кабудизоркунӣ шинонда шавад. Раҷаббой Аҳмадзода бо кормандони коргоҳи мазкур суҳбат намуда, барои саҳмашон дар корҳои ободонию зебогардонии шаҳри Хуҷанд сипосмандӣ намуд.
Барои самаранок истифодабарии заминҳои ҳосилхез Раҷаббой Аҳмадзода супориш дод, ки тамоми заминҳои дар ихтиёри коргоҳ буда мақсаднок истифода шуда, маҳсулоти полезӣ ва сабзавот кишту кӯчат карда шаванд.
Раиси шаҳри Хуҷанд аз коргоҳи истеҳсоли зарфҳои кулолӣ дидан намуд. Таи чанд сол аст, ки дар назди ин муассиса сехи кулолгарӣ фаъолият дорад. Дар ин ҷо то 6 намуди зарфҳои андозаю ҳаҷмашон гуогун аз қабили, кӯза ва гулдонҳо барои парвариши гул, ниҳолҳои ороишӣ ва дигар зарфҳои кулолгарӣ сохта мешавад. Барои ҳар чи бештар ба фурӯш баровардани гулҳо Раиси шаҳри Хуҷанд, кулолгаронро даъват намуд, ки истеҳсоли зарфҳоро зиёд намуда, барои харидорон пешкаш намоянд.