(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони шаҳру навоҳии вилоят 20 рӯзаи аввали мусобиқаи вилоятӣ оид ба ҷамъоварии пахта натиҷагирӣ карда шуд ва ғолибон муайян гардиданд.

Нахуст Рустам Каримзода, муовини Раиси вилояти Суғд доир ба раванди маъракаи пахтачинӣ маълумот ироа намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки барои ҳавасманднамоии чинакчиён, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоату навоҳии пахтакор дар заминаи қарори Раиси вилояти Суғд аз ҷониби Сарраёсати кишоварзии вилоят ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи кишоварзӣ мусобиқаи вилоятӣ эълон карда шуда буд, ки ҳар бистрӯза он натиҷагирӣ карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки мусобиқаи вилоятӣ байни навоҳии пахтакор бо мақсади беталаф ҷамъоварии «тиллои сафед» ва ҳавасманднамоии эшон пешбинӣ гардида, баҳри расидан ба натиҷаҳои назаррас аз ҷониби хоҷагиҳои пахтакор азму иродаи қавӣ дар ин давра зоҳир карда шуд.

Ҳамин тавр, миёни ноҳияҳои пахтакор дар бистрӯзаи аввал ноҳияи Конибодом бо ҷамъоварии 6447 тонна ва иҷрои 47, 5 фисади нақша ғолиб дониста шуда, бо вимпели сайёр ва 20 000 сомонӣ, ноҳияи Мастчоҳ бо чидани 10 256 тонна ва иҷрои 38, 7 фисади нақшаи пешбинишуда бо 10 000 сомонӣ ҷойи дуюм ва ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо иҷрои 80, 2 фисади нақша беш аз 2 ҳазору 4 тонна пахта чида, миёни ҷамоатҳои навоҳии пахтакор мақоми аввалро ба даст овард.

Ҳамзамон барои иштироки фаъолона дар маъракаи пахтачинӣ як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ ва чинакчиёни беҳтарин бо маблағҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадршиносӣ гардиданд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба шарафи ғолибон Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо танинандозии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон парафрохта шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ғолибони 20 рӯзаи аввали мусобиқаи пахтачиниро табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки тибқи нақшаи дурнамо пахтакорони вилоят азм доранд, ки аз майдони 58 000 гектар беш аз 130 ҳазор тоннаи «тиллои сафед»-ро ҷамъоварӣ намоянд. Нашъунамои хуби пахта ва баҳои коршиносони соҳа аз он гувоҳӣ медиҳад ҳосили имсолаи хоҷагиҳои пахтакори вилоят беш аз 150 ҳазор тонна пахта мавҷуд буда, ҳосилнокӣ то 60 сентнерӣ муайян шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода афзуд, ки аллакай 986 хоҷагии пахтакори вилоят аз ба марраи зафар расиданд. Ба ҳолати 1.10.2019 нишондиҳандаи иҷрои нақшаи пахтасупорӣ дар вилоят 32, 8 фисадро ташкил медиҳад.Иттилоъ дода шуд, ки аз шаҳрҳои саноатии вилоят ҳашарчиён фориғ аз кор ҷалб гардида, ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 56 килоӣ пахта чида истодаанд.

Раиси вилояи Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки минбаъд ба ҳар як килои пахта 70 дирамӣ пардохта карда шавад ва дар ҷамъбасти 20 рӯзаи дуюми мусобиқаи вилоятӣ дар қатори дигар зафармардон ҳамчунин «Механизатори беҳтарин» низ муайян ва ҳавасманд карда шавад.

Раиси шаҳри Конибодом Зафар Давлатзода, раиси ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ва Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод баромад карда, дар бораи ӯҳдадориҳои минбаъда ва корнамоиҳои пахтакорон андешаронӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд