(4 овоз, миёна 5.00 аз 5)


Гусели аввалин ҷавонписарон дар даъвати баҳорона.Ҳар сол бо мақсади ҳифзи марзу буми ватани азизи хеш ҷавонони неруманд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда мешаванд. Бо мақсади гусели ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар назди маҷмаи фаввораҳои пайкараи Исмоили Сомонӣ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, волидони даъватшудагон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Аввалин шуда дар мавсими даъвати баҳорона 22-нафар ҷавонони шаҳри Хуҷанд барои хизмати ҳарбӣ ҳозир шуданд. Сараввал Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сухан ронда, барои ҳомиёни ватан сарбаландӣ ва хизмати шоиста орзу намуд. Иштирокчии ҷанги солҳои 1941 -1945 Ҳабибулло Хоҷаев, модари ҷавони даъватшуда Муқаддас Негматова ба ҳомиёни ватан хизмати бобарор ва содиқонаро орзу намуданд. Наваскар Нурмуҳаммад Нурматов ки ба хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ меравад, ҳозиронро бовар кунонд,ки онҳо баҳри ҳимояи манфиатҳои ватани маҳбуб бо интизоми намунавӣ, садоқат ба ватан хизмати модар-ватанро ба ҷо хоҳанд овард.
Лозим ба ёдоварист, ки имсол тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд, Иброҳим Иброҳимов раиси комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таъин шуда, барои фаъолияти пурсамари он аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ, 20 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.

Дар интиҳо барои ҳозирон барномаи консертӣ пешниҳод гардид.