(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt FАМХОРӢ БА ЭҲТИЁҶМАНДОН

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 1-уми октябр Рўзи куҳансолон қайд мешавад. Куҳансолонро азизу мўътабар доштан, яке аз вазифаҳои асосии давлату ҳукумат ва сокинон маҳсуб меёбад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои некўаҳволии куҳансолон таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамояд. Нисбати онон ғамхорӣ мекунад, то ҳадди имкон ёрӣ мерасонад. Хушбахтона, ҳастанд нафароне, ки ба куҳансолон ва дигар шахсони эҳтиёҷманд кўмак расониданро вазифаи ҷонии хеш мешуморанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд: «Бо арзи эҳтирому самимият ва миннатдорӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд барои ташаббусҳои созанда мехоҳам як нуктаро таъкид намоям: ба раванди созандагии ватан ҳар шаҳрванди бонангу номус саҳмгузор бошад, ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад ва бо истифодаи он зиндагии худро пеш барад».

Сухани пурарзиши Пешвои миллат сармашқи кори хайрхоҳонаи Нўъмон Ҳасанов шуд. Ин марди некхоҳ кайҳо дар дил орзуи таъсис додани нуқтаи хайру эҳсонро дошт. Fамхорӣ дар ҳаққи гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахўрону собиқадоронро яке аз хислатҳои неки инсонӣ мешуморад. Аз ин лиҳоз, моҳи апрели соли 2016-ум нуқтаи хайру эҳсонро таъсис дод. Бинои холиро аз маҳаллаи «Ваҳдат» дарёфт, тозаву озода, рангубор ва обод кард. Бо аъзои оилааш аз пайи кор шуд. Сарулибос, ашёи рўзгор ва дигар асбобҳои зиёдатии оиларо ба нуқтаи хайру эҳсон овард, то эҳтиёҷмандон аз он истифода баранд. Фаъолияти эҳсонкории марказро якчанд васоити ахбори омма, аз ҷумла радиову телевизион инъикос кардааст. Баъди ба омма дастрас гаштани иттилоот сафи хайркунандагон зиёд гашт ва шахсони зиёди мўҳтоҷ низ муроҷиат карданд. Гўё, ки мардуми сахо чунин иқдомро интизор буд, дар муддати кўтоҳ либос, пойафзол, асбобу анҷоми зиёдатиро овард. Рафҳои нуқтаи мазкурро либос ва дигар лавозимоти техникӣ пур карданд. Имрўз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар тўли зиёда аз се сол маркази мазкур тавонист фаъолияташро хуб ба роҳ монад. То ҳол ба нуқта 4640 нафар шаҳрванди саховатманд сарулибос, пойафзол, асбобу анҷоми коршоямро оварда супурдааст.

Ҳамаи либосу пойафзол, косаву табақ ва дигар асбоби рўзгор тоза ва дар ҳолати хуб қарор дорад. Ҳар саховатпеша ашёи зиёдатии худро ҳатман тоза шуста, баъд ба маркази мазкур меорад. То ин муддат эҳтиёҷмандони зиёд барои оилаи худ ройгон либос ва дигар лавозимотро гирифтанд. Либосҳои занона, мардона ва бачагона дар нуқтаи мазкур зиёд аст, ҳар нафари мўҳтоҷ бемамоният онро мегирад. Бояд қайд намуд, ки марказ баробари аҳолӣ, ба табобатгирандагони Беморхонаи равонпизишкии шаҳри Исфара бо либосу дигар лавозимот ёрӣ мерасонад. Масалан, дар фасли тобистон бо либоси мавсимӣ ва пойафзол таъмин кард.

Яке аз дигар намудҳои хайрхоҳонаи марказ ройгон таъмир кардани аробачаҳои маҷрўҳӣ аст. Илова бар ин, алҳол марказ 8 адад аробача дорад ва ройгон ба иҷора медиҳад.

Дар рўзҳои аввали корӣ масоҳати ибтидоии нуқта 12 метри квадратӣ буд, айни замон 130 метри квадратиро ташкил медиҳад. Иқдоми наҷиби Нўъмон Ҳасановро роҳбарияти Масҷиди ҷомеи «Нури ислом» дастгирӣ кард. Макони барҳаворо ройгон пешниҳод кард. Фаъолияти марказ боз назаррас шуд. Нўъмон Ҳасанов макони мазкурро ба сомон даровард, тамоми шароити заруриро муҳайё кард.

Ин марди нексиришт, ки аслан ихтисоси муҳандис-техникро дорад, ҳамчунин ҷомадон, мизу курсиҳоро бо сифати баланд таъмир мекунад. Ба якчанд меҳмонхонаҳои шаҳр низ овезаҳо гузоштааст. Яъне, дар ҳолати вайрон шудани ҷомадон ва дигар ашёи сайёҳон муҳандис-техник онро таъмир мекунад.

Дар сўҳбат Нўъмон Ҳасанов гуфт, ки мехоҳад чунин иқдом дар ҳар шаҳру навоҳии вилоят дастгирӣ ёбад. Оид ба ин масъала ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муроҷиат кард. Иқдоми мазкур аз ҷониби роҳбарият хуб пазируфта шуд ва барои ташкил намудани он чораҳои мушаххас андешида шуда истодаанд. Ў дар даст нақшаи корӣ дорад ва тайёр аст барои таъсисдиҳандагони чунин марказ онро фаҳмонад, барои ривоҷаш маслиҳатҳо диҳад.

Дар дафтари қайди нуқтаи хайру сахо миннатдории қариб 300 нафарро дарёфтам, ки аз иқдоми Нўъмон Ҳасанов қаноатманд аст. Дар ҳаққи созмондеҳон ва волонтёрон дуои нек кардаанд.

Бо зани қариб 80-сола Марҳабо Оқилова ҳамсўҳбат гаш-там, ки барои худ, духтару келини бевамондааш ва наберагони ятими худ аз ин нуқтаи хайру сахо сарулибос ва дигар лавозимоти рўзгорро мегирад. Ў гуфт, ки қариб се сол инҷониб аз сабаби шароити вазнини зиндагӣ аз хайроти ин марказ бархурдор аст. Миннатдории хешро ба таъсисдиҳандаи он ва волонтёри хушмуомила Муҳаббатҷон Амонзода расонд, дуо намуд, ки сафи саховатмандон зиёд гардад, Худованд онҳоро боз ҳам доротар гардонад.

Таҳмина АЮБОВА,
«Тирози ҷаҳон»