(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Имрӯзҳо аксарияти мардуми тараққипарвари тоҷик зӯровариву ваҳшоният ва хунхории низоми иртиҷоиро маҳкум менамоянд. Инсоният дар шароите, ки ба озодиҳои сиёсӣ, демокративу дунявӣ муносиботи ҳусни тафоҳуми ҷомеа роҳ гирифтааст, ин гуна зӯроварӣ ва террор, ки мақомоти роҳбарикунандаи давлати исломӣ пеш гирифтааст, ҳар фарди ҷомеаро набояд бетараф гузорад.

Ин гуна роҳу усули мубориза, зӯроварӣ ва ваҳшониятро тамоми мардуми кишварҳои демократӣ ва сулҳпарвар, аз ҷумла, ҷомеаи мо маҳкум менамоянд. Вақте ки дин сиёсӣ мешавад, он ба қудрати мутлақ табдил меёбад, яъне сиёсат ҳунар, фарҳанг, тафаккур, рафтори ахлоқӣ тобеияти мутлақи дин мешавад. Омезиши сиёсату дин озодиро аз байн мебарад ва ҷаҳонро фақат зери шишаҳои идеологияи динӣ мебинад. Озодиро нисбати зан маҳдуд месозад ва намегузорад, ки мақоми зан дар ҷомеа рушд кунад. Агар ҳизби наҳзати исломӣ сари давлат ояд, аввалин коре, ки анҷом медиҳад, ин дигар кардани сохтори конститутсионӣ аст.

Мардуми тоҷик бо роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз роҳу равишеро барои ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавононро ҷустуҷӯ мекунад ва мардуми азизи мо кӯшиш мекунанд, ки ҳар чӣ бештар ин ҷавонони гумроҳ аз ин роҳ баргарданд ва ҳамеша ба ватани азизи худ хизмат кунанд, бо кору фаъолияти хуби худ давлати азизашонро ба пеш баранд ва имрӯз муроҷиати ҳизби наҳзати ислом ба Созмони Милали Муттаҳид ба тамоми ҷаҳон даъвои беҳуда аст. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон таъқиб нисбат ба аҳзоби сиёсӣ ва ё ашхос раво надидааст. Баръакс мардум имрӯз ҳушдор гашта, аз нооромии давлатҳои араб ба хулоса омада, худро аз ҳизбҳои динӣ канорагирӣ карда истодааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мекӯшад, ки ваҳдату ягонагиро дар Тоҷикистон пойдор намуда, ҳамдигарфаҳмӣ байни ҳизбҳои сиёсиро ба роҳ монад.

Наҳзатиҳо ҳамеша дар фикри он буданд, ки сари қудрат биёянд ва ҳамаи ин ҳангомасозиҳо барои мансабталошӣ буд. Итминони комил дорам, ки дигар мардум ба ин найрангҳои наҳзатиҳо бовар нахоҳанд кард.

Хоҷаева Н.А.
аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд