(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо мақсади тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Заррина Манонова дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16 бо хонандагони синфҳои 11 мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот таъкид гардид, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ беҳтар шуда, дар ин радиф шумораи ҷавонони бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ раванда рӯ ба афзоиш дорад. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба масъалаи тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон эътибори махсус зоҳир менамояд ва мунтазам дар қисмҳои ҳарбӣ рӯзи дарҳои кушод мегузаронад. Дар доираи рӯзи дарҳои кушод ҷавонон ва волидони онҳо имкон доранд, ки бо шароити хизмат ва зиндагии аскарону афсарон аз наздик шинос шаванд.

Таъкид гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат барои насли ҷавон на танҳо қарзи шаҳрвандӣ ва шарафи инсонӣ, балки муҳимтарин мактаби обутоб аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт — дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки нақшаи кори шуъбаи кор бо занон чунин вохӯрӣ дар дигар муассисаҳои таълимии маркази вилоят низ гузаронида мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд