(5 овоз, миёна 2.60 аз 5)

alt Имрӯз, яъне 1 октябр, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Созмони хонандагон ба шумор меравад дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои гуногун сурат гирифт.

Аз ҷумла, дар гимназияи №4-и шаҳр 52 нафар хонандагони беҳтарини синфи 5-ро бо роҳбаладии роҳбари Созмони хонандагон ба сафи Созмони хонандагон зинаи «Ворисони Сомониён» дар вазъияти тантанавӣ бо сафороӣ қабул карда шуданд.

Таъкид гардид, ки Созмони хонандагон ниҳоди намунавию тарбиявиест, ки вазифаи асосии он ташаккули маданияти муносибатҳои демократӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон дар мактаб ва ҷомеа, тайёр намудани кӯдакону наврасон ба муносибатҳои нави иқтисодӣ, ташкили шароити мусоид барои ба ҳаёт омада намудани кӯдакону наврасон, инкишофи малакаҳои фардӣ ва аломатҳои қобилияти кӯдакон, ҳал намудани масъалаҳои ташкили фароғати кӯдакон, ғамхорӣ барои сиҳатии маънавии шахси инкишофёбанда, рушди ҳамаҷонибаи ӯ, шиносоӣ бо арзишҳои умумибашарӣ ва корҳои аҳамияти иҷтимоӣ дошта мебошад.

Маъмурияти гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд муҳассилини ба Созмони хонандагон қабулшударо бо ин рӯзи нишот таҳният гуфтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд