(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Санаҳои 3-4-уми октябри соли ҷорӣ як қатор Вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ба шаҳри Хуҷанд меоянд.

Тибқи барномаи корӣ Вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», бозори марказии «Панҷшабе», масчиди ҷомеаи Шайх Маслиҳатдин, Маҷмааи фарҳангию таърихи «Қалъаи Хуҷанд» ва дигар мавзеъҳои таърихии шаҳрии Хуҷанд боздид менамоянд.

Қарор аст, ки дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи сеюми Вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд