(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати милӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд, ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббию пешгирии бемориҳои сироятӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр мулоқот баргузор гардид.

Нишастро сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Султон Раҳмонзода оғоз намуда, ҳадафи онро шарҳ дода, аз ҷумла афзуд, ки мо ҳамагон дар солимии аҳолӣ ва нигоҳдошти он муваззафем. Мо бояд воқеъбинона ба фаъолияти худ баҳо диҳем, яъне то кадом андоза уҳдадориҳои худро бо масъулият иҷро менамоему дар ҳифзи саломатии мардуми кишвар ва ҳимояву солимии миллатамон саҳмгузор бошем. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки дар байни аҳолӣ навъҳои гуногуни бемориҳо, ки бевосита ба истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва ё сироятёбӣ алоқамандӣ доранд, бинобар беаҳамиятӣ ва бемасъулиятӣ хуруҷ менамояд. Мо бояд баҳри пешгирии зуҳури ин бемориҳои тадбирҳо андешем. Мутахасисони соҳаро саривақт огоҳ созем.

Султон Раҳмонода гуфт, ки аз ҷониби Марказ ҷиҳати ба низом даровардани ҳолати санитарию эпидемологӣ, риояи қатъӣ ва ҳатмии қоидаю меъёр, мутобиқат ба талаботи санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, таъмизгардонӣ, дезинфиксионӣ, пшгирии бемориҳои сироятӣ ва махсусан ба воситаи хунгузаранда пайваста тадбирҳо андешида мешавад. Вале ин нокифоя буда, ошкор шудани бемориҳои сироятӣ моро моро водор месозад, ки бо масъулияти ҷиддӣ фаъолият намуда, корҳоро боз ҳам дар ин самт тақвият бахшем.

Дар ҷараёни мулоқот мудирони шуъбаи кӯдакон ва наврасон ва эпидемологӣ баромад намуда, аз ҷумла таъкид карданд, ки ҳодисаҳои ба қайдгирифташудаи бемориҳои сироятӣ асосан бо роҳи тамосию маишӣ сурат мегирад. Дар ҳамаи манбаҳои сироят тадбирҳои пешгирикунандаи безараркунӣ гузаронида шудааст. Инчунин ҳамарӯза истифода бурдани обӣ ҷӯшонидашуда ва риояи беҳдошти шахсӣ тавсияҳо дода шудааст. Зикр гардид, ки яке аз усулҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ ин саривақт дарёфт кардан ва бистарӣ намудани бемор мебошад.

Дар анҷоми мулоқот суолу дархост ва пешниҳодоти мушаххас аз ҷониби иштирокдорони мулоқот манзур ва баррасӣ гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд