(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади дар рӯҳияи худшиносиву ва ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас, афзун намудани ҳурмату эҳтироми онҳо нисбати фарҳанги волои ниёгон, ташвиқу тарғиби мероси адабии Мавлоно Ҷалолиддин Румӣ густариши маънавиёти хонандагон ва дарёфти истеъдодҳои нав озмуни шаҳрии «Маснавихонӣ» баргузор гардид.

Масъулини озмун таъкид доштанд, ки донишманди бузурги тоҷик, шоири тавоно ва файласуфу орифи оламгир Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ на танҳо дар шеъру адаб ва фалсафаву тасаввуф, балки дар масъалаҳои динӣ низ як шахсияти барҷаста дар олами исломӣ эътироф шудааст. Худшиносӣ барои мутафаккир, пеш аз ҳама, масъулияти инсон дар назди хештан буда, беҳтар аз донистани усули дин аст, зеро чун инсон дар маърифати хештан муваффақ гардад, дигаронро низ медонаду мешиносадю

Дар озмун 33 нафар ғолибони даври мактабии озмуни «Маснавихонӣ» аз тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд ва шарти асосии озмун қироати порчаи шеърӣ аз «Маснавии маънавӣ" ё ғазале аз Девони шоир буд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамон ҷойи аввал насиби хонандагони синфи 6 –и МТМУ №21 Маҳиноз Шомирзозода ва толибаи синфи 11-и литсейи Рустамов Насиба Ҳамроҳбоева гардид.

Муҳассилини МТМУ №12 Муҳаммадамин Аюбов, МТМУ №26 Нигина Қаландарова ва мактаби хусусии Пӯлотов Мирзобаҳодур Муъминов мақоми дуюмро соҳиб гардиданд.

Хонандагони МТМУ №16 Назокат Орипова, МТМУ №7 Мижгона Умарзода ва МТМУ №25 Рухшона Ҳошимова ба ҷойи сеюми озмун шарафёб гардиданд.

Барои иштироки фаъолона дастпарварони МТМУ №9,11, 15, 20, 24 ва гимназияи Кавсар барои иштироки фаъолона соҳиби сипосномаҳо гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд