(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Рӯзи байналмиллалии саводнокиро аҳли омӯзгорон ва хонандагони гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо чорабинии идона пешвоз гирифтанд. Ҳамчунин дар ин рӯз аз тарафи ҳамоҳангсозони лоиҳаи Юсайд “Ҳамроҳ бихонем” китобҳои бадеӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ тақдим гардид.

Дар чорабинӣ меҳмонон аз барономаи лоиҳаи Юсайд “Ҳамроҳ бихонем”, сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзод, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева, китобдорони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят, омӯзгорон ва хонандагон иштирок доштанд.

Нахуст, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода ҳозиринро ба рӯзи байналмиллалии саводнокӣ муборакбод намуда, қайд намуд,ки китоб дар ҳар давру замон қадру манзалати худро гум накардааст ва намекунад.Ва аз хонандагону омӯзгорон хоҳиш намуд,ки аз китобҳои тақдимгашта самаронак истифода баранду дониши худро васеътар намоянд.

Дар ин рӯз аз тарафи хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар васфи ватану ватандорӣ,сулҳу дӯсти, Тоҷикистон, қадри китоб шеъру таронаҳо сароида шуд. Ҳамчунин саҳнача аз тарафи хонандагони муассиса дар васфи китоб намоиш дода шуд,ки писанди ҳамагон гардид.

Сипас, тибқи барномаи лоиҳаи Юсайд “Ҳамроҳ бихонем”, 84 номгӯи китобҳои бадеӣ ба 200 муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят тақдим карда шуд, ки 15то номгӯи он дар ҷумҳурӣ аввалин бор нашр гардидааст.

Бояд қайд намуд,ки ин лоиҳа ҳамасола 75% муассиаҳои таълимиро бо китобҳо таъмин менамояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд