(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳр мулоқоти васеъ бо сокинону фаъолони маҳаллаи Содирхон Ҳофиз доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, маданияти шаҳрдорӣ, пешгирии барҳамхўрии оилаҳо ва маданияти либоспўшӣ, саҳм гузоштани сокинон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, инчунин риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи ўҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», доир ба рафти иҷрои Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2017-2020» ва 12 ноябри соли 2016, №766 “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ва дастовардҳои Истиқлолият дар тўли 28-соли соҳибихтиёрӣ баргузор гашт.

Дар мулоқот сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариати ҳарбии шаҳр подполковник Фаридун Наимзода баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат барои насли ҷавон на танҳо қарзи шаҳрвандӣ ва шарафи инсонӣ, балки муҳимтарин мактаби обутоб аст.

Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт — дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад. Ҷавонони моро мебояд, ки ҳифзи Ватанро вазифаи муқаддаси худ дониста, пайваста ба он кӯшанд, ки насли ҷавон ватандӯсту масъулиятшинос ба воя расад. Таъмини амнияту якпорчагии Тоҷикистон Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Усмонҷон Юсуфӣ доир ба масъалаҳои боло зикр гардида баромад намуда, баҳри пуштибонӣ намудан аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар, саҳм гузоштан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ шаҳрвандонро даъват намуд.

Дар анҷоми мулоқот аз ҷониби иштирокдорон саволу пешниҳодоти мушаххас манзур гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд