(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Маҳфили хушҳолии навбатии ширхоргоҳ-кӯдакистони №29-и шаҳр ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд бахшида шуд ва «Хуҷанд-шаҳри гулҳо ном дошт.

Кӯдакон бо маҳорати баланд ва ҳисси ватандӯстии бепоён дар васфи шаҳри Хуҷанд ва таъриху абармардони ин шаҳри бостонӣ шеъру суруд ва мусиқӣ саройиданд. Аз тарафи гулдухтарон рақсҳои зебо иҷро карда шуд. Тарбиятгирандагони муассисаи таълимии томактабӣ нақши сайёҳон ва муносибати шарвандон бо онҳоро бо маҳорати баланд иҷро намуданд.

Намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Нозимова аҳли тарбиятгирандагон ва мураббиёни ин муассисаи таълимии томактабиро бо Рӯзи шаҳр табрику таҳният намуда, ба мазмуну муҳтавои чорабинии гузаронидашуда баҳои баланд дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд