(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Чун анъана бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд шаҳрдор Маъруф Муҳаммадзода ба таваллудхонаи шаҳрӣ рафта, тифлоне, ки дар Рӯзи шаҳри Хуҷанд, яъне санаи 25.09.2019 таваллуд шудаанд, аёдат карда, ба онҳо маблағҳои пулӣ тақдим намуд.

Ҳамин тавр, Нилуфар Бойматова, Моҳичеҳра Темурова, Маҳбуба Сафарова ва Розия Усмонова дар Рӯзи шаҳри Хуҷанд ҳамагон духтар ба дунё оварданд.

Тибқи иттилои духтурон вазъи саломатии кӯдакон солим буда, дар зери нигоҳубини табибон қарор доранд.

Маъруф Муҳаммадзода аз вазъи саломатии кӯдакон ошноӣ пайдо намуда, ба модарон тавсия кард, ки барои тифлон номҳои асили тоҷикӣ ва ашхоси шӯҳратёру таърии шаҳри бостонии Хуҷандро гузоранд. Зеро дар давоми таърихи бисёрҳазорсолаи худ ин шаҳри бостони хеле фарзандони фарзонаро ба камол расонидааст, ки шуҳрати эшон дар ақсои олам паҳн шудааст. Шаҳрдор гуфт, ки шӯҳрату номи шаҳри Хуҷанд бештар тавассути фарзандони барӯманд, олимону орифон ва суханварони мумтози он густариш пайдо кардааст. Мунаҷҷим ва риёзидони маъруф Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, табиби ҳозиқ Назириддини Хуҷандӣ, орифону суханварони мумтоз Умар ибни Қорун, Маҳастии Хуҷандӣ, Зиёуддини Порсӣ, Камоли Хуҷандӣ, инчунин даҳҳо донишмандону фозилоне, ки фаъолияти илмиву адабии онҳо берун аз марзи кишвар мавриди эътибору эҳтироми аҳли илму адаб қарор гирифтаанд, шуҳрати ин шаҳри қадимаи тоҷиконро дар ақсои олам интишор додаанд.

Ин иқдоми шаҳрдорӣ, яъне аёдати кӯдакони дар Рӯзи шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, аз ҷониби модарони эшон истиқболи гарм пайдо намуда, барои чунин ғамхорӣ ва аёдат ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки пеш аз ҳама барои занону модарон шароитҳои беҳтаринро муҳайё намудаанд, арзи миннатдорӣ баён сохта, таъкид доштанд, ки шукронаи Давлату миллати азизамон, ки дар замони амну осоиштагӣ хизмат ба мардум менамоем. Шаҳри Хуҷанд солҳои охир рушду тараққӣ намуда, збову дилрабо гаштааст.

Бояд қайд намуд, ки давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд 4113 нафар таваллуд шудаанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аҳли кормандони таваллудхонаи шаҳри Хуҷандро низ бо Рӯзи шаҳри Хуҷанд табрику таҳният намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд