(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Муҳаққиқ, адабиётшинос, шоир, журналист, публитсист, мунаққид, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, олими сермаҳсул ва инсони донишманду нексирифт Нуралӣ Нурзод барои фаъолияти назаррас дар ҷодаи илму фарҳанг, аз рӯйи натиҷаи эҷодиёти солҳои охираш дар Рӯзи шаҳри Хуҷанд бо Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил сарфароз гардонида шуд.

Дар маҷлиси тантанавии Рӯзи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба Нуралӣ Нурзод Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд