(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ҳузури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, устодон ва донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода конфронсро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки шаҳри Хуҷанд яке аз мавзеъҳои таърихию мадании сарзамини тоҷикон ба ҳисоб рафта, мисли даҳҳо манзилҳои мадании ҷамоаи бостонӣ дар ибтидо ҳамчун бошишгоҳ пайдо ва баъдтар чун маҳалли аҳолинишин рушд ёфтааст. Дар бораи обу хок ва табиати дилфиреби ин сарзамини биҳиштосо, хусусиятҳои ҷуғрофӣ, аҳолӣ, урфу одатҳои мардумони бумии он дар асрҳои пеш аз мелод дар китоби муқаддаси зардуштиён «Авасто», катибаҳои рўисангӣ, асарҳои муаррихон ва сайёҳони юнонию румӣ, арабҳо, сайёҳони Чин маълумоти муфид дода шуда, эшон таассуроти хеш ро доир ба назокатҳои ин шаҳр дар иртибот бо рўди сероби Сир ба қалам овардаанд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода ба иштирокдорони конфронс номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро раоснд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: "Хуҷанди бостонӣ аз қадимтарин даврони таърихӣ ҳамчун мазҳари як фарҳанги нерӯманд, зодгоҳи ҳунармандиву саънати муътабар, ҳавзаи пурбори адабиёти тоҷик ва сарзамини меваҳои хубу ҷойгоҳи зуҳури обу ҳавои хуш муаррифӣ ва шинохта гардида, дар дарозои ин таърихи куҳан афрод ва ашхоси муътабаре чун олимону шоирон, ҳунармандону косибон, санъатварону ходимони барҷастаи таърихиву сиёсӣ дар домани он ба камол расонидааст. Зикри исми ин шаҳри қадима ва тавсифи он ба унвонҳои «тирози ҷаҳон», «арӯси дунё», «шаҳри офтобӣ», «шаҳри хуршедманзар» ва амсоли дар сарчашмаҳо ва осори таърихиву адабӣ, ҷуғрофиву фарҳангӣ далолат бар ин шукӯҳи пешинаву имрӯзаи ин сарзамини куҳанбунёд мекунад. Ҳосили ин азамати таърихист, ки имрӯз ин шаҳри шукуфоиву зебоӣ чун меросбари ҳамон фазилатҳои арҷманди як сарзамини дорои пешинаи ғанӣ ва таърихи пурбор асолату рисолати хешро бо сурати тозаву нав ҷилвагар сохта, дар он мақоми хуршедмазҳарӣва ифодаи арзишҳои тозаву ҳумоюни сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ қарор мегирад".

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни маърӯзаи хеш аз ҷумла таъкид дошт, ки Хуҷанд яке аз шаҳрҳои ободтарин ва зеботарини Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таърихи он таваҷҷўҳи олимону муҳаққиқон, нависандагону шоирон, санъаткорон, аҳли қалами хал қу миллатҳои мухталифро ба худ ҷалб кардааст. Олимон унвони Хуҷандро таҳлил намуда, исбот кардаанд, ки решаи он аз калимаи мураккаби забони қадимаи эронии "Хваканта" гирифта шуда, маънояш "шаҳри офтобӣ" ё худ "офтобшаҳр" мебошад. Ин ном дар китоби муқаддаси "Авесто" қариб 3 ҳазор сол муқаддам зикр шудааст. Пас, метавон гуфт, ки шаҳри Хуҷанд таърихи беш аз сеҳазорсола дорад.

Маъруф Муҳаммадзода таъкид дошт, ки Хуҷанди бостониву ҳамешаҷавон бо суръати кайҳонӣ пеш меравад ва имрўз бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидоятҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қабои худро куллан дигаргун кардаву боз ҳам ҷолибтар гаштааст. Сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат барои мардуми меҳнатқарину босуботи Хуҷандшаҳр сармашқи корҳои наҷиб шудааст.

Дар ҷараёни кори конфронс олимони донишгоҳ Тоҷибой Султонзода, Ислом Раҳимов, Шавкат Шарифов ва Шарифҷон Тоҷибоев бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво доир ба паҳлуҳои гуногуни таъриху илм ва фарҳанги шаҳри Хуҷанд маълумот доданд.

Барномаи рангини ватандӯстона табъи ҳозинро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд