(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо иқдоми наҷиб ва ғайричашмдошт як гуруҳ шаҳрвандони касбу кори гуногунро бо Рӯзи шаҳр табрик намуда, ба онҳо гулдаста ва маблағҳои пулӣ тақдим дошт.

Рӯбандаи комбинати ободонии шаҳр, корманди корхонаи нақлиёти санитарии шаҳр, хонандаи МТМУ №12, донишҷӯйи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, духтури беморхонаи шаҳрии №1, тарбиятгирандагони муассисаи томактабии №33-и шаҳр, ки ҳар кадоме ин субҳи солеҳон машғули фаъолият дар ҷодаи хеш доштанд ва ё худ ба сӯйи коргоҳу муассисаи таълимии худ мешитофтанд, аз дидори ғайричашмдошт бо шаҳрдор ва табрикоти бевоситаи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи шаҳр ба ваҷд омада, миннатдории самимонаи хешро ба Давлату Ҳукумат изҳор доштанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ашхоси касбу кори гуногунро бо Рӯзи шаҳр табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзд, ки Хуҷанди бостонӣ аз қадимтарин даврони таърихӣ ҳамчун мазҳари як фарҳанги нерӯманд, зодгоҳи ҳунармандиву саънати муътабар, ҳавзаи пурбори адабиёти тоҷик ва сарзамини меваҳои хубу ҷойгоҳи зуҳури обу ҳавои хуш муаррифӣ ва шинохта гардида, дар дарозои ин таърихи куҳан афрод ва ашхоси муътабаре чун олимону шоирон, ҳунармандону косибон, санъатварону ходимони барҷастаи таърихиву сиёсӣ дар домани он ба камол расонидааст.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон марҳилаи нави рушду инкишофи шаҳри Хуҷанд дониста мешавад. Бо шарофати сиёсати дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар баробари мусоидат ба эҳёи муҳимтарин суннатҳои аҷдодӣ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ равнақи тамоми касб менамояд. Сарнавишти Хуҷанди бостонӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол низ азизу мукаррам ва мушарраф аст ва бояд ҳар як сокини шаҳр ҳамагуна дастоварди беназири таърихиро дар замони Истиқлолият парчами ифтихор ва сарфарозии хеш бишносад.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки таваҷҷуҳи доимии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баҳри рушд ва ободии шаҳри Хуҷанд ҷойгоҳи махсусро касб намудааст. Маҳз бо дастури Роҳбари вилоят силсилаи корҳои ободониву созандагӣ солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд ҷараёни тоза касб намудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд