(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Дар МТМУ №8-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд чорабинии адабӣ-мусиқӣ баргузор гардид. Муҳассилини ин муассисаи тарбиявӣ дар васфи шаҳри Хуҷанд шеъру суруд қироат намуда, гуфторҳои бузургонро дар васфи Хуҷандшаҳр баён доштанд. 

Таъкид гардид, ки Хуҷанд шаҳри зебову дилписанд, ки дар ду канори дарёи Сайҳун ҷой гирифтаасту кўҳи Мевағул ба шаҳомати он шукўҳи дигар ато мекунад, дорои таърихи дурударозест, ки корномаву қаҳрамониҳои мардони сарбаландаш, мероси илмиву адабӣ ва фарҳангии афроди донишманду ҳунармандаш мояи ифтихори имрўзиён мебошад.

Таърихшиносони қадим Хуҷандро «Тирози ҷаҳон» ё «Арўси даҳр» номида, аз табиати зебо, меваҳои шакка- рин ва мардуми бофарҳангу наҷиби он ёдовар шудаанд. Таърихи ин шаҳри бостонӣ ба қаъри асрҳо меравад, ки оғози он ба даврони ҳахоманишӣ мепайвандад. Дар тўли қариб се ҳазор соли мавҷудияташ аз сари ин шаҳри тамаддунофар чӣ қадар сахтиву сардиҳои таърих гузаштааст. Замоне, ки Искандари Мақдунӣ шаҳри Хуҷандро ғасб кард ва ба он Искандарияи Ақсо (Алек- сандрия Эсхата) унвон гузошт, ободиву тараққиёти шаҳр бештар гардид ва дар саҳифаи таърихи тамаддуни олам насб ёфт. Дар садаи VIII истилои араб, дар асри XIII муҳорибаи тунд бо лашкари Чингиз ва гирудорҳои мазҳабиву синфӣ ба зиндагии мардум бетаъсир набуд вале ҳамоно мардуми ҳунарофару адабпарвари ин шаҳр бо сари баланду рўи сурх зиндагонӣ кард ва тамаддуни барҷастаи ҷаҳониро ба оламиён эҳдо намуд.

Суруду таронаҳои дилчасп ва рақсҳои мавзун табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд