(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд ба ҳунармандони минтақаи ҷануб изҳори сипос намуд.Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҷлили ҷашнҳои наврӯзӣ аввалин маротиба бо иштироки ҳунармандони шаҳри Душанбе, шаҳрҳои  Ваҳдат, Роғун,  Кӯлоб,  ноҳияҳои Мӯъминобод ва Ҷиргатол фестивали «Бозори ҳунармандон» доир гардид. Дар он 10 нафар ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои номбурда бо маҳсулоти гуногуни халқии ҳунармандони маҳалли зисташон ширкат намуда, сокинону меҳмонони маркази вилоятро бо маҳорату фарҳанги худ ошно намуданд.

Қисмати дуюми рӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро бо роҳбарии сардори Раёсати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Салоҳиддин Раҷабов ба ҳузур пазируфта, ба онҳо барои иштироку тарғиби фарҳангу ҳунари мардуми минтақаҳои гуногуни кишварамон изҳори сипосмандӣ намуд. Раиси шаҳр пешниҳод намуд, ки минбаъд низ ин анъанаи некро идома дода, мубодилаи таҷрибаю малакаи касбии ҳунармандони шаҳри Хуҷандро бо дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон,ноҳияҳои тобеи марказ, Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ ва шаҳри Душанбе ба роҳ мондан лозим аст.
Салоҳиддин Раҷабов барои пазироии самимӣ ва фароҳам овардани имконияти ошноӣ бо ҳунармандони маркази вилоят сипосмандии ҳайати меҳмононро ба Раиси шаҳри Хуҷанд расонд.
Ба ҳунармандони халқӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сипоснома ва тӯҳфаи хотиравӣ супорид.