(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бахшида ба Рўзи шаҳри Хуҷанд ва гиромидошти хотираи устоди шоистаи варзиши собиқ ИҶШС Иброҳим Ҳасанов мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба заврақронӣ байни наврасони соли таваллудашон 2000-2002 ва 2003-2005 дар дарёи Сир ташкил ва гузаронида шуд.

Мусобиқа тибқи қоидаи Федератсияи байналмилалӣ оид ба заврақронӣ баргузор гардида, дар он зиёда аз 150 нафар наврасону ҷавонон аз ҷумла 15 нафар духтарон байни ҳам қуваозмоӣ намуданд.

Дар мусобиқа аз рўи намуди заврақронӣ дар масофаҳои 200, 500 ва 100 метр ба таври инфиродӣ, ҷуфтӣ ва эстафета байни писарон ва духтарон баргузор гардид.

Ҳамзамон аз рўи намуди каноэ дар масофаҳои 200, 500 ва 100 метр ба таври инфиродӣ, ҷуфтӣ ва эстафета байни писарон ва духтарон гузаронида шуд.

Дар натиҷа ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Масъулин мусобиқа зикр доштанд, ки ҳадафи ташкили чунин мусобиқаҳо, ин пеш аз ҳама рушди намуди варзишӣ заврақронӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасон, ҷавонон ва калонсолон ба машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи намуди қаиқронӣ байни наврасону ҷавонон мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд