(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз самтҳои стратегии кишварамон маҳсуб меёбад, тадбирҳои амалӣ меандешад.

Натиҷаи ҳамин тадбирҳо буд, чанде қабл дар донишкада боз як сехи ҷадиди нонпазӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Ин сех асосан бо истеҳсоли маҳсулотҳои нонӣ машғул буда, имрӯз аллакай чанде аз донишҷӯёни кафедраи маҳсулоти хӯрока бо роҳбарии омӯзгор Дилрабо Комилова дар он фаъолият бурда истодаанд. Дар ин сех якчанд намуди таҷҳизот ба монанди адотаи буғдиҳанда ва тафдон, ки истеҳсоли ширкати хориҷии WACHTEL мебошад, ҷиҳозонида шудааст.

Ҳоло дар сех якчанд нафар донишҷӯён ба пухтани анвои нонӣ машғул буда, дар оянда ният доранд тибқи фармоишот ба пухтани нон ва 15 намуди дигари кулчақанд шурӯъ кунанд. Онҳо барномаи рушди стратегии кишварро вобаста ба баланд бардоштани сифати озуқаро сармашқи кори худ дониста, мехоҳанд тибқи стандартҳои муайяншуда, маҳсулотҳои хӯроквориро ба фурӯш бароранд.

Донишҷӯён аз намояндагон – мутахассисони кишвари Олмон, ки ба васлу насби ин таҷҳизот омада буданд, дарс омӯхта, тарзи истифодаи онҳоро ба пуррагӣ аз худ намудаанд ва техникаи бехатариро низ риоя карда метавонанд.

Бояд гуфт, ки ҳама дастовардҳо самараи ҳамкориҳои донишкада бо донишгоҳҳои бонуфузи олам буда, дар заминаи ҳамкорӣ бо барномаи GIZ чунин имкониятҳо ба даст омадаанд.

Бояд тазаккур дод, ки бо иқдоми директори донишкада номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Саидӣ ва дастгириҳои бевоситаи давлату Ҳукумати кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар донишкада фаъолияти якчанд технопаркҳо ба роҳ монда шудааст, ки ин барои дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявии донишҷӯён мусоидат менамояд ва кафолати омода намудани мутахассиси баланихтисос дар ҳамаи соҳаҳост.

Маърифат Мавлонова
Шуъбаи кор бо ВАО