(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ бо иштироки алоқамандони илму адаб чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз бузургмардон ва фарҳехтагони ҷаҳони шеъру адаб ба ҳисоб рафта, бо назми оламгир ва донишу истеъдоди фақулода дар шинохти ҳақиқати рӯзгор моро панди зиндагӣ додааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҷодиёти шоири беҳамто баҳои баланд дода, чунин гуфтаанд: “Устод Рӯдакӣ, ки воқеан падарсолори шеъри Аҷам ва асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс дониста шудааст, аз ҷумлаи бузургтарин ва барҷастатарин шахсиятҳои таърихии миллати куҳанбунёди мо мебошад”. Мавзуъҳои панду андарз, тарғиби некиву некӯкорӣ, дӯстӣ, хуш гузаронидани умр ва ба муҳтоҷону дармондагон дасти ёрӣ дароз кардан ҷавҳари ашъори Рӯдакиро ташкил дода, барои сарҷамъии мардуми олам хидмати мондагорро анҷом додааст. Андарзҳои устоди назм имрӯз низ мақому маҳбубияти худро побарҷо нигоҳ дошта, дар тарбияи инсонҳои асил, тарғиби ахлоқи шоиста, накӯкорӣ, бо дӯст шоду масрур зистан, илму маърифатро чароғи раҳнамои зиндагӣ қарор додан нақши равшан дорад».

Сипас, Фирӯза Нуруллозода номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ ироа намуд, ки дар он ҷумла қайд шудааст: «Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри устувории пояҳои давлатдорӣ ва дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намудани шаҳрвандон ва умуман, ҷомеаи кишвар бузургдошти шахсиятҳои адабию фарҳангӣ ва илмиро омили муҳим мешуморад. Ватандўстӣ ҳиссиёти ниҳоят амиқи инсонист, ки решааш ба асрҳо ва ҳазорсолаҳо мерасад, яъне аз умқи таърихи тамаддун ва фарҳанги миллӣ об мехўрад. Аз ҳиссиёти волои ифтихор доштан аз Ватан ва ватандорӣ олитар, шарифтар, бузургу қавитар тафохуре нест ва буда ҳам наметавонад.

Тазаккур бояд дод, ки даврони Истиқлолияти давлатӣ замони зуҳури навгониҳои фарҳангӣ, арҷ гузоштан ба мақоми бузургон, дарки мафҳуми худшиносии миллӣ ва бо афкори башардўстонаи дунё пайвастани афкори тоҷикон гардид».

Сипас, Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш дар бораи бузургдошти шахсият ва кору пайкори устоди тамоми шоирони форсизабони дунё Абўабдуллоҳи Рўдакӣ андешаронӣ намуда, шеъри нави худро дар бораи Маликушшуаро қироат намуд.

Барномаи фарҳангӣ ва мусиқии ҳунармандон ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд