(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Таҷрибаи кишварҳои мутараққии дунё аз он шаҳодат медиҳад, ки истиқлолияти комили ҳар як кишвар ва мақоми хоса дар байни кишварҳои мутамаддини ҷаҳон пайдо намудани он аз якчанд омилҳо ё худ падидаҳо вобаста аст, ки муҳимтарини он рушди илму маориф аст, зеро ҳамаи дастовардҳои дигари ҷомеа дар ҳамин замина ба вуҷуд меоянд ва чигунагии он аз поя ва мақоми илму маърифат дар ин ҷомеа вобастагии зич дорад.

Ҷои баҳс нест, ки бузургтарин дастоварди Тоҷикистон дар замони шўравӣ тарҳрезӣ, поягузорӣ ва бунёду рушди илму маориф дар шакли ниҳоди ба куллӣ нав дар муқобили системаи мавҷуда (агар онро система номидан мумкин бошад) ва пўсидаи аморатӣ буд.

Банда беҳуда таркиби «илму маориф»-ро дар якҷоягӣ исти- фода набурда истодаам, зеро ҳатто нигоҳи сатҳӣ ё сайри кўтоҳе ба таърихи илми тоҷик дарак аз он медиҳад, ки бунёди онҳо дар солҳои 20-30 қарни гузашта бидуни якдигар ва дар алоҳидагӣ аз имкон берун буд. Марҳалаи рушди ин ҳавзаро метавон ба ду давра тақсим кард: Давраи якум, ки солҳои 30-50-умро фаро мегирад, давраи ташаккули донишкада, тайёр намудани кадрҳо, сохтмони пойгоҳи шоистаи илмӣ барои тадқиқот бошад, давраи дуюм, ки аз солҳои 60-ум оғоз ёфта то имрўз давом дорад, давраи рушд ва камолоти илмии ин ҳавза маҳсуб мешавад.

Воқеан ҳам, имрўз ҳавзаи илмии Хуҷандро на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам мешиносанд ва эътироф мекунанд. Гузашта аз ин, Хуҷанд имрўз ба масобаи пойтахти фарҳангии Тоҷикистон ҷойгоҳ пайдо намудааст ва аксари намо- яндагони илмии Душанбе ва минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар баромадҳои расмию ғайрирасмии худ эълом медоранд, ки имрўзу фардои илми тоҷик аз ҳавзаи илмии Хуҷанд вобастагии қавӣ дорад. Ҳадаф аз овардани ин нукта кибру ғурур ё аз ҳад зиёд нишон додани ҷойгоҳи ҳавзаи илмии Хуҷанд ва дастовардҳои ин ҳавза нест, балки таъкид аз ду чиз аст. Якум, бар дўши олимони ин ҳавза масъулияти азими таърихӣ вогузор шудааст.

Дуюм, дар паси ҳамаи ин эътироф талошу сиёсати оқилона ва дурби- нонаи раҳбарони ҷумҳуриву вилоятӣ ва, аз ҳама муҳим, заҳмати даҳҳо нафар олимоне меистад, ки ҳаёти хешро дар роҳи расидан ба ин поя нисор кардаанд, рисолати хешро дар тарбияи кадрҳои илмӣ ва таҳкими ин ҳавза дида, ба ҷуз ин мақсад аз пайи чизе дигар нашудаанд. Ҳавзаи забоншиносии Хуҷанд дар масъалаи ташкил ва бапохезии худ, филмасал, мадюни чанд нафар аст, ки дар байни эшон устод Файзулло Абдуллозода дар мақоми аввал меистанд. Файзулло Абдуллозода (с.тав.1909 - с.ваф.1966) - дастпарвари Донишгоҳи Тошканд, аз соли 1932, яъне баробари таъсиси Донишкадаи омўзгории Хуҷанд дар ин ҷо ба ҳайси муаллим, мудири шўъбаи илм, аввалин мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷикӣ фаъолият бурдаанд. Маҳз ба шарофати ҳамин шахс дар кафедра як зумра мутахассисони болаёқат ҷамъ ва самтҳои илмии кафедра муайян карда мешавад. Вале ҷанги хонумонсўзи солҳои 1941-1945 иҷрои ин нақшаҳоро ба таъхир мегузорад. Бо вуҷуди ин, ҳанўз аз ибтидои солҳои 50-ум устодони кафедра дар мавзўъҳои шевашиносӣ, калимасозӣ ва синтаксиси забони тоҷикӣ тадқиқот мебаранд. Мисоли ин гуфтаҳо рисолаи номзадии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Олимҷонов Бобоҷон (с.тав.1910 – с.ваф.1990) мебошад, ки соли 1956 таҳти унвони «Особенности лексики ленинабадского говора таджикского языка» дар Университети давлатии Москва бо автореферат чоп ва ба ҳимоя пешниҳод мешавад. Ҳамзамон Қумрӣ Тоҳирова (с.тав.1922– с.ваф.1995) ба омўзиши шеваи тоҷикони ноҳияи Бўстонлиқи Ўзбекистон машғул шуда, соли 1952 рисолаи номзадии хешро дар ин мавзўъ дифоъ мекунад. Дар паҳлўи онҳо иштирокчии дигари ҶБВ Турсунов Абулқосим (с.тав.1920 – с.ваф.2002) бо омўзиши ибораҳои фразеологии шеваи Ленинобод камари ҳиммат баста, якчанд мақолаҳои эшон дар маҷмўаи мақолаҳои забоншиносӣ дар Хуҷанду Душанбе чоп мешавад. Ҳамин сарҳалқагон буданд, ки баъдтар ба арсаи ин ҳавза китобу мақолаҳои Темурхон Мақсудов (с.тав.1928 – с.ваф.1993), Ҳувайдулло Ҷалиловро (с.тав.1932 – с.ваф.1998) дар масъалаҳои марбут ба шеваи Исфара ва воҳидҳои фразеологӣ бароварданд. Ва имрўз муҳаққиқоне, ки дар риштаи шевашиносӣ кор мебаранд ё ба тадқиқи ибораҳои забони адабӣ ё шеваҳо машғуланд, бояд бидонанд, ки эшон пайравони ин устодони шаҳиру зиндаёд ва идомадиҳандагони аввалин суннатҳои ин ҳавзаи илмӣ мебошанд.

Боиси хурсандист, ки ин самти қариб ба боди фаромўшӣ рафта ба туфайли заҳматҳои чанд муҳаққиқони ин ҳавза боз аз нав эҳё шуд ва далели ин гуфтаҳо чоп шудани чунин асарҳо, ба мисли «Ҳазору як таъбири лаҳҷаи Хуҷанд»-и Б. Осимова (Хуҷанд: Ношир, 2003 – 256 с.) «Фарҳанги воҳидҳои фразеологии лаҳҷаи Хуҷанд»-и устоди гиромиқадри мо А.Зоҳидов ва Б.Осимова (Хуҷанд: Нури маърифат, 2013 – 392с.), «Лексика ва фразеологияи лаҳҷаи тоҷикони Андарақ»-и С.Ўзбеков (Хуҷанд: Нури маърифат, 2014 – 184с.), ки аз шумори аввалин таҳқиқот аст, бахшида ба мухтассоти лаҳҷаи тоҷикони ин маҳалли воқеъ дар ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва чанд рисолаву мақолаҳои дигар ҳам мебошад.

Дар тадқиқи самти дигар - калимасозӣ хидмати Мўъминҷон Турсунов (с.тав.1924 – с.ваф.1979) муассир аст. Ў соли 1954 рисолаи номзадии худро, ки ба калимасозӣ бахшида буд, дифоъ мекунад. Ў аз аввалин муҳаққиқонест, ки калимаҳои мураккаби навъи пайвасту тобеъ ва воситаҳои баҳамоии онҳоро ба риштаи таҳқиқ кашидааст. Зимнан, чунин тадқиқотро имрўзҳо шогирди М.Турсунов – устод А.Зоҳидов идома дода истодаанд ва дар асари пурарзиши худ – «Таъсири забони русӣ ба калимасозии забони адабии тоҷик» (Хуҷанд: Ношир, 2009 – 160 с.) хусусиятҳои таҳаввулоти калимасозиро дар забони адабии тоҷикӣ дар нимаи дуюми асри ХХ баррасӣ намуда, нақши забони русиро дар маҷрои калимасозӣ нишон додаанд. Дар рисола муаллиф кўшидааст ба масъалаҳои печидаи калимасозӣ рўшанӣ андохта, қолабҳои сараю носараро аз ҳам ҷудо созад ва ба ғалатҳои зиёди пешина ҳам ишора кунад.

Дар солҳои 60-ум, алалхусус баъди ба ду кафедраи мустақил– кафедраи забони тоҷикӣ ва кафедраи адабиёти тоҷикӣ тақсим шудани он забоншиносӣ дар Хуҷанд ба пояи баландтар мебаро- яд. Ба назар чунин мерасад, ки омили дигари ин рушд ба кафедра омадани як зумра устодони нав ҳам мебошад, зеро маҳз дар ҳамин солҳо фаъолияти илмии чунин забоншиносон, ба мисли Фарҳод Зикриёев (с.тав.1940 – с.ваф.2015), Темурхон Мақсудов, Ўғулой Аҳмадова (с.тав.1932 – с.ваф.2009), Саидмурод Ҳоҷиев оғоз ва эшон дар риштаҳои нав – морфология, синтаксис, таърихи забон тадқиқотҳои хешро анҷом медиҳанд. Маҳз дар ҳамин солҳо самтҳои асосии тадқиқотӣ дар ҳавзаи забоншиносии Хуҷанд муайян мешаванд ва то солҳои истиқлолият ин самтҳо бетағйир мемонанд. Дар ин солҳо силсилаи китобу дастурҳо ва мақолаҳои эшон аз дасти чоп мебарояд, ки дар байни онҳо китобҳои «Шаклҳои феълӣ бо ёридиҳандаи истодан дар забо- ни адабии тоҷик»-и Ў.Аҳмадова (Сталинобод, 1960), «Лексикаи забони адабии ҳозираи тоҷик»-и Қ.Тоҳирова дар зери таҳрири Р.Ғаффоров (Душанбе: Дониш, 1967) мақоми хоса доранд.

Солҳои 70-80-ум ҳавзаи забоншиносии тоҷик дар Хуҷанд ба фаъолияти чунин муҳаққиқони шинохта, ба мисли Ф. Зикриёев, А. Насриддин, А.Абдусатторов, А.Зоҳидов, С.Ҳоҷиев, Ў.Аҳмадова, Ҳ.Ҷалилов, А.Давронов, М.Дадохонов, Н.Ҳикматуллоев вобаста аст.

Китобҳои «Оид ба воҳидҳои фразеологӣ ва вазифаи синтак- сисии онҳо»-и Ф.Зикриёев, Т.Мақсудов ва Ҳ.Ҷалилов (Душанбе, 1976), «Ҷумлаҳои пайрави тарзи амал ва монандӣ дар забони адабии тоҷик»-и Ф.Зикриёев (Душанбе, 1976) ва «Структурно- семантические особенности таджикского паратаксиса»-и ба за- бони русӣ навиштаи ҳамин муаллиф (Душанбе, 1986), «Лексика ва фразеологияи шеваи Исфара»-и Т.Мақсудов (Душанбе, 1977),«Баъзе масъалаҳои муҳими таълими забони тоҷикӣ дар синфҳои 1У-УШ»-и С.Ҳоҷиев (Душанбе, 1987) ва «Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри ХХ»-и ҳамин муаллиф (Душанбе, 1988), «За- бон ва услуби М.Турсунзода (лексика)»-и А.Абдуқодиров, аз як тараф, ба дастовардҳои ин ҳавза далолат кунанд, аз сўи дигар, ба самтҳои нави тадқиқот дар ин ҳавза – проблемаҳои мето- дикаи таълими забони тоҷикӣ дар макотиби таҳсилоти умумӣ ва услубшиносӣ ишора мекунанд.

Дар ташаккул ва рушди забоншиносии тоҷики ҳавзаи илмии Хуҷанд хидмати доктори улуми филологӣ, профессор, Барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абўалӣ Сино дар соҳаи илму техника Фарҳод Қобилович Зикриёев муассир аст. Ў баъди хатми факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории ба номи С.М. Кирови ш. Ленинобод (ҳозира ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров) соли 1962 ба шўъбаи рўзонаи аспирантураи ДДО ба номи Т.Г. Шевченкои ш. Душанбе дохил мешавад ва таҳти роҳбарии узви вобаста АУ ҶТ Н. Маъсумӣ рисолаи хешро таҳти унвони «Ҷумлаҳои пайрави тарзи амал ва монандӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик» дар соли 1970 дифоъ мекунад ва соли 1976 онро дар шакли монография чоп менамояд.

Баъди ҳимоя фаъолияти хешро дар донишгоҳ идома медиҳад ва солҳои 80-ум ба таҳқиқи паҳлўҳои гуногуни ҷумлаҳои мурак- каби пайваст машғул мешавад. Соли 1986 монографияи Ф.Қ. Зикриёев бо номи «Структурно-семантические особенности тад- жикского паратаксиса» (Душанбе: Дониш, 1986) ба забони русӣ чоп мешавад.

Соли 1987 дар мавзўи «Хусусиятҳои сохторию маъ- ноии ҷумлаҳои мураккаби пайваст дар забони адабии ҳозираи тоҷик» рисолаи доктории хешро дифоъ менамояд.

Устод Ф.Қ. Зикриёев дар тамоми солҳои фаъолияти худ дар ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров ҳалқаи пайваст байни оли- мони Хуҷанд бо олимони Душанбе буданд, зеро сараввал худа- шон бо ҳавзаи забоншиносии Душанбе ҳамкории зич доштанд ва ҳамкорону устодони донишгоҳро ба ин амал ҳидоят менаму- данд. Осори зиёди эшон ҳам бозгўи ин ҳақиқат аст. Рўйдоди муҳимтарини фаъолияти Ф.Қ. Зикриёев ва ҳам ҳавзаи илмии Хуҷанд дар солҳои 80-уми қарни гузашта ҳамкорӣ дар навишта- ни «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» мебошад. Тибқи дастури раёсати Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АУ Тоҷикистон ва ҳайати таҳририяи ин асари пурқимат навиш- тани фаслҳои «Ҷумлаҳои мураккаби пайваст» ва «Ҷумлаи пай- рави туфайлӣ» (Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Ҷ.2. Ҷумлаҳои сода ва ибораҳо. Душанбе: Дониш, 1989; Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Ҷ.3. Ҷумлаҳои мураккаб. Душан- бе: Дониш, 1989) бар ўҳдаи профессор Ф.Қ. Зикриёев вогузор ме- шавад, ки ин, аз як тараф, боиси ифтихори ҳавзаи забоншиносии Хуҷанд ҳам бошад, аз ҷониби дигар, аз нақши олимони ин ҳавза дар рушди забоншиносии тоҷикӣ гувоҳӣ медиҳад. Гузашта аз ин, мо фахр дорем, ки асари дастҷамъонаи забоншиносии тоҷик барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Абўалӣ ибни Сино аз тарафи Ин- ститути забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ пешниҳод гардида, дар радифи муаллифони дигар устод Ф.Қ. Зикриёев ҳам сазовори ин унвони баланд – Барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абўалӣ ибни Сино дар риштаи илм ва техника гаштанд.

Бояд гуфт, ки доираи масоили тадқиқоти устод Ф.Қ. Зикри- ёев бо синтаксис маҳдуд набуд ва устод ба масъалаҳои лексика, таркиби луғавии забони адабии муосири тоҷикӣ, фразеология, услуб, методикаи таълим, типология ва масоили дигари назарияи забоншиносӣ ҳам таваҷҷўҳ зоҳир кардаанд. Дар тўли фаъолияти илмии қариб ним асри хеш таҳти роҳбарии устод Ф.Қ. Зикриёев қариб 30 нафар рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро ҳимоя ва ба унвонҳои баланди номзад ва докторони улуми филология са- зовор гаштаанд. Камолоти ин ҳавза ба солҳои 90-ум рост меояд. Ба ин рушд, ба фикри мо, якчанд омилҳои муҳим мусоидат карданд, ки дар саргаҳи он ду-се ҳодиса меистад. Яке ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд табдил ёфтани собиқ Донишкадаи давлатии омўзгорӣ ба номи С.М.Киров мебошад. Фарқи ҷиддии донишгоҳ ва таълим дар он аз дигар навъҳои мактаби олӣ дар он аст, ки донишгоҳ, пеш аз ҳама, барои муассисаҳои илмӣ бояд кадр тайёр кунад. Бино бар ин, дар замони шўравӣ теъдоди донишгоҳҳо ангушт- шумор буд. Нақшаҳои таълимӣ дар донишгоҳ мутаносиб ба ин ҳадаф тарҳрезӣ шуда, ба он фанҳое бояд дохил шаванд, ки хатмку- нандагонро пеш аз ҳама ба малакаи навиштани рисолаҳои илмӣ, бурдани тадқиқоти илмӣ ва амсоли он ошно кунад. Гузашта аз ин, кафедраҳои донишгоҳ ҳатман дар самтҳои муайян таҳқиқоти илмӣ баранд ва ин кафедраҳоро маҳз бо ҳамин дастовардашон шиносанд ва эътироф кунанд. Ба ин маънӣ, ҳар як кафедраи донишгоҳ дар баробари таъмини маҷрои таълими тахассусӣ бояд масъули як ё якчанд риштаи таҳқиқот дар самтҳои тахассуси ка- федра бошад.

Омили дигар ва муассир ба ҳавзаи илмии Хуҷанд шомил шудани як қатор олимони ҷавон аз Душанбе (Нурулло Fиёсов, Абдуҷамол Ҳасанов, Туғралхон Шокиров, Савринисо Fанизода ва дигарон) маҳсуб мешавад, ки бо сабку равияҳои худ ба ин ҳавза навоварие ворид карданд. Кушода шудани аспирантура ва таш- кил намудани Шўрои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ такони ҷиддӣ ба рушди ин ҳавза ва ба як мактаби бузурги илмӣ табдил ёфтани он гардиданд.

Омили сеюм, дар маркази вилоят ташкил ё ифтитоҳи донишгоҳ ё шўъбаҳои макотиби олии Душанбе мебошад, ки дар саргаҳи он кушодашавии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шўъбаи хуҷандии Донишкадаи политехни- кии Тоҷикистон ба номи акад. М. Осимӣ меистанд. Табиист, ки ин донишгоҳу донишкадаҳо самт ва фаъолияти дигар доранд ва бо ҳадафҳои муайян ташкил шудаанд. Вале мавҷудияти кафедраҳои забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ дар ҳамаи онҳо ва, аз ҳама муҳим, ба кори кафедраҳо ва раёсати ин мактабҳои олӣ ҷалб шу- дани шахсиятҳои илмӣ ба он оварда расонид, ки дар ин мактабҳо низ дар самтҳои муайяни забоншиносӣ тадқиқотҳои арзанда бурда мешаванд. Филмасал, дар ДДҲБСТ дар тадқиқоти чунин самтҳо, бамислиомўзишимуқоисавиитопонимваантропонимҳои тоҷикӣ-русӣ (дотсент Д.Д. Мирзоева), фразеологизмҳои англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ (дотсент М.Назирова) ё хусусиятҳои маъноиву сохтории ибораҳои фразеологии тоҷикӣ ва русӣ (дотсент М.М. Атоева), тадқиқотҳои сотсиолингвистии лексикаи русӣ-тоҷикӣ аз нигоҳи забоншиносии муқоисавӣ ва ҳамчунин масоили мар- бут ба усули таълими забонҳои русӣ ва англисӣ (дотсентон Д.Д. Мирзоева, Н.Ю. Пўлодова), этнолингвистика (проф. И. Раҳимӣ) ва ғайра ба комёбиҳои назаррас ноил шудаанд. Дар ин донишгоҳ аввалин бор дар ҷумҳурӣ чоп шудани чунин тадқиқоти эт- нолингвистии комил таҳти унвони «Этнографическая лексика иранских языков в историческом освещении»-и проф. И. Раҳимов (Худжанд: Нури маърифат, 2012 – 176с.), «Фарҳанги тоҷикӣ-русии истилоҳоти ҳуқуқ»-и проф. Т.Шокиров (Хуҷанд: Наргис, 2012 – 384с.), «Сӣ мақола»-и дотсент Н.Ғиёсов (Хуҷанд: Нури маъри- фат, 2014 – 300с.), чопҳои интиқодии «Маноқиби Имоми Аъзам» (Хуҷанд: Ношир, 2011), «Тарҷумаи Таърихи Яминӣ» (Хуҷанд: Ношир, 2013 – 420 с.) ва «Луғати фурс» (Хуҷанд: Нури маърифат, 2015 -.492 с.) бо таълиқоту тавзеҳоти мабсут аз ҷониби Н.Ғиёсов шаҳодат аз он медиҳад, ки дар ин донишгоҳ низ нерўҳои бузурги илмӣ ҷамъ омадаанд ва донишгоҳ воқеан ҳам ба яке аз марказҳои муҳими таҳқиқоти филологӣ табдил ёфтааст.

Умед аст, ки дар ин мактабҳои ҳавзаи илмии Хуҷандшаҳр низ дар як самтҳои муайян фаъолияти илмӣ мебаранд, то дар маҷмўъ ба ҳалли ягон проблемаи калони забоншиносии муосири тоҷикӣ меораду ин мактабҳоро низ бо ҳамин самти фаъолията- шон дар ҷумҳурӣ ва берун аз он эътироф мекунанд ва мешино- санд.

Аз рўйдодҳои муассир ва тақдирсози ин солҳо ифтитоҳи Маркази пажўҳиши тамаддуни давраи Сомониён (соли 1998) ва Факултаи забонҳои шарқ (соли 1999) маҳсуб мешаванд, ки ҳар ду барои нашъунамои ин ҳавза ва тавсиаи доираи пажўҳиши масои- ли мубрами забоншиносии тоҷикӣ хидмати бебаҳо карданд.

Ин буд, ки аз солҳои 90-ум то имрўз чанд иттиҷоҳоти муҳим дар ин ҳавза сурату масири хешро пайдо карданд ва тадқиқотҳои дар ин самтҳо ба вуҷудомада дар доираҳои гуногуни илмии Тоҷикистон хуб пазируфта шуданд.

Дар баробари самтҳое, ки устод Фарҳод Зикриёев тарҳрезӣ ва чандин шогирдони эшон дар ин ҷодаҳо (Ў.Умаралиева, С.Кенҷаев, С.Ўзбеков, Б.Розиқов) рисолаҳои номзадии хеш- ро дифоъ намуданд, се самти муҳим – лексикография, таъри- хи забон ва услубшиносӣ ба мадди аввал баромад. Иттиҷоҳи якум, ки дар саргаҳи он устоди зиндаёди мо – Абдулманнони Насриддин меистанд, имрўзҳо ба шиносномаи мактаби забон- шиносии Хуҷанд табдил ёфтааст. Воқеан ҳам чандин самтҳо, алалхусус фарҳангпажўҳӣ, хос ба мактаби Хуҷанд шуд. Дар хо- тир дорам, ки ҳанўз соли 1994 ҷиҳати иштирок ба конфаронси илмии байналмилалӣ - «Ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ», ки 5 – 9 сентябри ҳамон сол баргузор шуд, бо устодон Абдуллоҷон Сатторов, Усмонҷон Ғаффоров ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Маъруфхоҷа Баҳодуров озими Душанбе шу- дем. Устод Абдулманнони Насриддин ҳам бояд мерафтанд, вале кадом муҳимми хидматии дигар рўи кор омад ва аз эшон хоҳиш карданд, ки аз ин сафар ва иштирок дар он конфаронс ин дафъа худдорӣ кунанд. Дар Душанбе, бо истифода аз фурсати муно- сиб, ба факултаи суханшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба назди устод Худоӣ Шарифов рафтем, ки он вақт декании ин факултаро бар зимма доштанд. Зимни сўҳбат дар бораи вазъи корҳои илмӣ эшон таъкид карданд, ки дар Донишгоҳи миллӣ чанд сол аст, ки ба мавзўи фарҳанг ва фарҳангнигорӣ касе даст наме- занад, зеро медонанд, ки мактаби Хуҷанд дар ин самт мутахасси- сони варзида дорад ва Хуҷанд ихтисоси бештар ба ин мавзўъҳо аллакай пайдо намудааст. Ин фикр дар чанд сўҳбатҳои баъдӣ аз ҷониби дигар олимон ҳам таъкид шуд, вале дар он вақт чун бори аввал гуфта мешуд ва ногаҳонӣ буд, дар зеҳни банда сахт ҷойгир шуд. Бешак, ин фикр дастгиркунанда ва шоҳиди мутлақи ду ху- лосаи муҳим аст: 1. Дуруст ва илмӣ будани мавқеи роҳбарияти илмии факулта ва донишгоҳ. 2. Хидмати арзанда ва шоистаи проф. Абдулманнони Насриддин дар ташаккули суннатҳои мак- таби илмии Хуҷанд дар охири қарни ХХ ва ибтидои қарни нав, хоссатан дар лексикография. Фарҳангҳои форсии асрҳои ХI-ХIV аз нигоҳи нақду тасҳеҳи матни осори адабӣ (Саидов Саидумрон, 1996), тавсиф ва масоили марбут ба танзими фарҳангҳои тавси- фот дар назми форсӣ-тоҷикии классикӣ (Тоҷибоев Шарифҷон, 1998), фарҳангҳои истилоҳӣ ва хасоиси онҳо (Зоиров Ҳалимҷон, 2002), хусусиятҳои лексикографии луғатномаи устод Айнӣ (Аҳмадов Мирзоҳабиб, 2002), ҷиҳатҳои адабӣ-матншиносии фарҳанги «Шарафномаи Манярӣ» (Рустамов Шавкат, 2004), хусусиятҳои луғатнигории форсӣ-тоҷикӣ дар нимаи дувуми асри ХIХ ва аввали асри ХХ дар мисоли «Фарҳанги Низом» (Сатторо- ва Матлубахон, 2004), усули ташреҳи шакл ва маънои калима дар фарҳангҳои қарни ХVII (Ғиёсова Фирўзахон, 2006) ва ҳамчунин мавзўъҳои марбут ба шарҳ, аз қабили «Шарҳи қасоиди Хоқонӣ»-и Алавии Шодиободӣ ва масъалаҳои маърифати бадеӣ (Келдиёров Тоҷибой, 2000), таҳлили ашъори Ҳофиз дар шарҳи Судӣ (Бобое- ва Мўътабархон, 2007), ки таҳти роҳбарии устод Абдулманнони Насриддин дар шакли рисолаву монографияҳо дар Хуҷанд тайи ин солҳо ҳимоя ва ба зевари табъ ороста шудаанд, аз як тараф, баёнгари матлаби фавқуззикр бошанд, аз ҷониби дигар, аз вусъа- ти андеша ва ормонҳои раҳбари илмии ин муҳаққиқон дар масъ- алаи фарҳангпажўҳии тоҷикӣ ва масири ин илм дарак медиҳад.

Худи Абдулманнони Насриддин дар мактаби бузур- ги фарҳангпажўҳии Душанбе, аниқтараш дар мактаби устод В.А.Капранов тарбия ва ҳамчун муҳаққиқи мумтоз ба камол раси- данд. Аз тадқиқи фарҳанги тафсирии қарни ХIХ - «Шамс-ул-луғот» ба пажўҳиши шарҳҳо дар таърихи адаби форсӣ-тоҷикӣ ва аз он ба масоили нусхашиносӣ, нақду баррасӣ, матншиносӣ гузаштанд.

Аз солҳои 90-ум то имрўз ва дар мавзўъҳои мухталифи ин самт шогирдони зиёди Абдулманнони Насриддин, Абдуҷамол Ҳасанов ва Нурулло Fиёсов ба мисли М.Ўрунова, М.Аҳмадов, М.Сатторова, Р.Каримхоҷаева, Ф.Ғиёсова, И.Болтубоев, Ф.Ҷалолова, М.Хоҷаева ва дигарон рисолаҳои илмии хешро ди- фоъ ва чандин кутубу рисолаҳои хешро чоп намудаанд.

Лозим ба таъкид аст, ки омўзиши фарҳанг дар ҳавзаи за- боншиносии Хуҷанд тайи даҳсолаи охир сифатан тағйир ёфт, мавзўъҳои баррасии он доманадортар шуд ва шаклу мазмуни ди- гар пайдо намуд. Бори аввал дар Хуҷанд ба чоп расидани чор фарҳанг – «Фахри Қаввос» аз ҷониби М. Хоҷаева ва С.Саидов (Хуҷанд, 2003), «Сурмаи Сулаймонӣ» аз ҷониби Ф.Fиёсова (Хуҷанд, 2006), «Фарҳанги Қадархон» (чопи факсимиле) аз ҷониби Н.Ғиёсов ва Р.Низомаддинова (Хуҷанд, 2013) ва «Луғати фурс» аз ҷониби Н.Ғиёсов (Хуҷанд, 2015) бурҳони қотеи ин гуфтаҳост. Дар назар аст, ки соли дигар боз ду-се фарҳанги дигар ба чоп омода шавад.

Гузашта аз ин, фарҳангҳои соҳавӣ ва осори адибони алоҳида омода ва нашр шуданд, ки мисоли онҳо «Фарҳанги истилоҳоти мусиқии «Шоҳнома»-и Н.Ҳакимов (Хуҷанд: Нури маърифат, 2002 – 190 с.), «Фарҳанги тоҷикӣ-русии истилоҳоти ҳуқуқ»-и Т.Шокиров, «Фарҳанги воҳидҳои фразеологии лаҳҷаи Хуҷанд»-и А.Зоҳидов ва Б.Осимова, «Фарҳанги ном»-и Фарзонаи Саидум- рон (Душанбе: Адиб, 2014 – 336 с.) ва «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ»-и Абдуҷаббори Шоҳаҳмад (Хуҷанд: Хуросон, 2015 – 736 с.) мебошад. Фарҳанги Фарзонаи Саидумрон, ки бо дастгирӣ ва ҳидояти бевоситаи Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ рўи чопро дид, шомили беш аз 2000 номи занонаю мардона бо шарҳу таф- сири онҳо мебошад. Мусанниф дар баробари овардани номҳо ва шарҳи маъно абёти зиёдеро ҳам аз осори адибони гузаштаву му- осир меорад, ки маънию моҳияти ин номҳоро барҷастатар бозгў мекунанд ва, аз ҷониби дигар, ба баландшавии завқи номшиносӣ ва маънишиносии хонандагони фарҳанг мусоидат менамоянд.

«Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ», ки ҳосили кори 22- солаи «ин мардикори фарҳанги тоҷик» (с.7), ба қавли худи му- саннифи он, мебошад, шомили 16 ҳазор вожаву ибораҳои дар ашъори Шайх Камол ба кор бурдааст. Дар баробари овардани маънои калимаҳо А.Шоҳаҳмад кўшидааст, ки то андозае вожаву ибораҳои мустаъмалро шарҳ ҳам диҳад ва ба ин васила шеваи луғатнигории маъмулиро бо шеваи шарҳнависӣ бо ҳам омехта намояд. Лозим ба қайд аст, ки дар ин кор мусанниф муваффақ ҳам шудааст ва ин амал аз вежагии тозаи ин фарҳанг ва муаллифи он маҳсуб мешавад.

Самти дигар тадқиқоту осорест, ки ба таърихи забони тоҷикӣ бахшида шудаасту бори асосии он бар дўши профессор Абдуҷамол Ҳасанов вогузор шудааст. Асос ва зербинои аксари ин гуна тадқиқотро проф. А.Ҳасанов бо асари фундаменталии худ таҳти унвони «Унсурҳои луғавӣ ва сарфию наҳвии осори садаҳои Х-Х111 дар гўиши шимолӣ (бахши Фарғонаи ғарбӣ)» (Хуҷанд: Нури маърифат, 2003 – 253 с.) гузоштанд. Тадқиқоти шогирдони эшон ба масъалаҳои гуногуни фонетикиву лексикӣ ва морфологӣ аз нигоҳи диахронӣ бахшида шудаанд ва муҳимтарин нукта дар ин ҷода ин аст, ки муҳаққиқони баркамолу ҷавони мо –Рустамҷон Усмонов, Юсуфҷон Кенҷаев, зиндаёд Икромиддин Болтубоев, Оқилхоҷа Сулаймонов, Осимҷон Мирмуҳаммадов, Муаттар Раҳматова, Зоирҷон Қўрғонов, Мунзифа Бобоева ва дигарон хусусиятҳои забонии намунаҳои беҳтарини адабиёти классикӣ, аз қабили «Шоҳнома», «Таърихи Байҳақӣ», «Масна- вии маънавӣ» ва ғайраҳоро ба риштаи таҳқиқ кашиданд.

Самти сеюм ба фаъолияти илмӣ ва мактаби проф. А.Абдуқодиров алоқаманд аст, ки намояндагони он хусусиятҳои луғавию услубии забони осори намояндагони барҷастаи адабиё- ти муосири тоҷикиро мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Шоҳиди ин гуфтаҳо чоп шудани асари бунёдии худи проф. А. Абдуқодиров бо номи «Хусусиятҳои луғавии назми Мирзо Турсунзода» (Хуҷанд: Ношир, 2011 – 412 с.), ба сари кор омадани рисолаҳои номзадии муҳаққиқони ҷавони мо, амсоли М.Олимҷонов ва ки- тоби ў – «Хусусиятҳои луғавию услубии насри таърихӣ» дар асоси баррасии эҷодиёти С.Улуғзода (Хуҷанд: Нури маърифат, 2011), Ш.Раҳматов ( вазифаҳои услубии воҳидҳои фразеологии забони тоҷикӣ), Б.Маҳкамова (воҳидҳои фразеологӣ дар назми Лоиқ), Г.Маҳкамова (антонимҳо дар ашъори Лоиқ), Ш.Ҳакимова (му- родифот дар ашъори Лоиқ), Д. Эшонова (калимаҳои сермаъно дар ашъори Лоиқ), М.Неъматова (халқияти забони назми а.ХХ дар мисоли эҷодиёти С.Айнӣ, М.Турсунзода ва Лоиқ) ва ҳамчунин рисолаҳои илмии акнун баитмомрасидаи И.Ҳикматуллоев (Забон ва услуби Пўлод Толис) ва М. Саидхоҷаева (Воҳидҳои фразеоло- гии забони тоҷикӣ ва таҳвили онҳо ба забони русӣ) ва ғайраҳо мебошанд.

Омўзиши забони арабӣ ва форсии муосир доманаи мавзўъҳои тадқиқоти забоншиносии муосири тоҷикро дар ин хитта фарох- тар кард ва чанд корҳое, ки дар ин самт шуданд ва мешаванд, моро умедвор бар он мекунад, ки чанде нагузашта ҳавзаи забон- шиносии Хуҷандро боз бо дастовардҳо дар муқоисаи забонҳои арабиву тоҷикӣ низ хоҳанд шинохт.

Табиист, ки дар ин як гузориш ҳамаи паҳлўҳои тадқиқот ва ҳамаи пажўҳандагонро бо дастовардҳои илмиашон фаро ги- рифтан аз имкон берун аст. Банда бар он кўшидам, ки сурати умумии дастовардҳои ин мактабро бозгў намоям ва ба ин васи- ла саҳми онро дар рушди забоншиносии муосири тоҷикӣ то ан- дозае возеҳ кунам. Аз ҷониби дигар кўшидам, то ба умдатарин самту тадқиқотҳои он, каме бошад ҳам, рўшанӣ андохта шавад. Бо маъзарат аз дур мондани мавзўъе ё касе аз мадди назар, дар фарҷоми мақолаам, бо истифода аз ин фурсати мусоид, мехоҳам як масъалаи муҳимро таъкид кунам. Имрўз зарурати таҳия наму- дани як китобе, ки ҳамаи мақолаҳо, дастурҳо, китобҳои дарсӣ, китобҳои илмии ба забони тоҷикӣ ва умуман забоншиносӣ мар- бути аз тарафи олимони вилояти Суғд навишташуда пайдо шуда- аст. Ҳар касе, ки ба ин кор ҳиммат мекунад, хидмати бебаҳое ба забоншиносии тоҷикӣ хоҳад кард.

Нурулло Fиёсов