(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ба истифодадиҳии майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи «Мевағул»Дар маркази вилоят тантанаҳои наврӯзӣ идома дорад. Дар маҳаллаи «Мевағул» сокинони хонаи 11 қарор доданд дар арафаи Наврӯз дар маҳаллаашон майдончаи варзиширо тариқи ҳашар бунёд намуда, ба истифода диҳанд.

Ба ин муносибат дар маҳаллаи мазкур сокинон ҷашни Наврӯзӣ оростанд, ки дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва меҳмонон аз бародаршаҳри Оренбург ва шаҳри Москва ширкат намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд кулли сокинонро бо фарорасии наврӯз аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд табрик гуфта, изҳор намуд, ки ба истифода додани майдончаи варзишӣ ин барпо намудани яке аз суннатҳои ниёгонамон бобати маҳз дар чунин рузҳо даст задан ба корҳои ободонӣ ва хайр аст.

Хайати меҳмонон аз растаҳои дастурхони наврӯзӣ ва ҳунарнамоии сокинон дидан намуда, дар расми кушоди майдончаи варзишӣ ширкат намуданд. Сокинони ҳамроҳи меҳмонон аз барномаи фарҳангии омода намудаи сокинон қаноатманд гашта, барои пазироии самимӣ сипосмандӣ намуданд.