(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt СОҲИБҚИРОНИ ШОИРОН - УСТОД РЎДАКИСТ

Ҳамдиёрони азиз!

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри устувории пояҳои давлатдорӣ ва дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намудани шаҳрвандон ва умуман, ҷомеаи кишвар бузургдошти шахсиятҳои адабию фарҳангӣ ва илмиро омили муҳим мешуморад. Ватандўстӣ ҳиссиёти ниҳоят амиқи инсонист, ки решааш ба асрҳо ва ҳазорсолаҳо мерасад, яъне аз умқи таърихи тамаддун ва фарҳанги миллӣ об мехўрад. Аз ҳиссиёти волои ифтихор доштан аз Ватан ва ватандорӣ олитар, шарифтар, бузургу қавитар тафохуре нест ва буда ҳам наметавонад.

Тазаккур бояд дод, ки даврони Истиқлолияти давлатӣ замони зуҳури навгониҳои фарҳангӣ, арҷ гузоштан ба мақоми бузургон, дарки мафҳуми худшиносии миллӣ ва бо афкори башардўстонаи дунё пайвастани афкори тоҷикон гардид.

Бузургдошти шахсият ва кору пайкори устоди тамоми шоирони форсизабони дунё Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар шумори муҳимтарин тадбирҳое маҳсуб мешавад, ки дар канори бозгўи нақшу мақоми сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гиромӣ доштани ёди азизони миллати тоҷик ва арҷу тақдири чеҳраҳои беназири адабиёт ва фарҳанги мо буда, тамоми ҷомеаро ба сўи худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд.

Ашъори безаволи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, ки наздик ҳазору дусад сол инҷониб дар хизмати мардуми олам аст, дар маҷмўъ хазинаи гаронмояи адабиёти умумибашарӣ мебошад. Шеъри Рўдакӣ барои тамоми наслҳои баъдина василаест, ки нигоҳ, ақидаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фалсафии замонро аз дидгоҳи ғайримуқаррарӣ ифода мекунад. Хулосаи нигоҳи муҳаққиқон он аст, ки решаи шеъри Рўдакӣ то замонҳои қабл аз ислом, то Авасто рафта мерасад, ки ин аз ҷаҳонбинӣ ва афкору пиндори фарохи шоир шаҳодат медиҳад. Бузургтарин ҳунари Рўдакӣ он аст, ки бо эҷоди анвои гуногуни адабӣ қудрату ғановатмандии забони тоҷикиро вусъат бахшидааст. Забони шеъри ў зебову ғанӣ ва чун бақои забони модарии мо ҷовидонист.

Рўдакӣ суханварест, ки ҳанўз дар замони зиндагиаш ҳамчун саромад ва устоди бузурги адибон эътироф шудааст. Унвонҳо ва лақабҳои ифтихории қофиласолори назм, Соҳибқирони шоирӣ, Маликушшуаро ва Одамушшуаро ба ин далеланд, ки саромади адабиёти мо на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми форсизабонони олам ва шуарои мамолики дигар чун устод пазируфта шудааст. Низомии Арўзии Самарқандӣ «Соҳибқирони шоирӣ устод Рўдакист» гуфтааст.

Устод Рўдакӣ ба ин мақоми баланд дар натиҷаи фаъолияти фидокорона дар ташаккулу устувор ва такомулу тараққӣ додани назми оламгири тоҷикӣ сазовор гардидааст.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 майи соли 2002 қарор қабул намуд, ки тибқи он ҳар сол 22 сентябр Рўзи Рўдакӣ чун ҷашни умумимиллии адабию фарҳангӣ таҷлил мегардад. Таҷлили Рўзи Рўдакӣ рамзи пайванди таърихии фарҳангу маънавиёти наслҳои гузаштаву имрўзаи тоҷикон ва ифтихори бепоён аз тамаддун дониста мешавад.

Дар ин замина, барои ҳар сокини шаҳри Хуҷанд, бахусус, насли наврасу ҷавон, ворисони арзандаи Оли Сомону Рўдакии бузург гиромидошти осори безаволи шоир ифтихори миллӣ маҳсуб мешавад, зеро баҳрамандӣ аз шарафу эътибори аҷдод ба мароми худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, созандагиву бунёдкориҳо, ободониву эҷодкориҳо вусъат ва таҳким мебахшад.

Агар Исмоили Сомонӣ кишвари бузургеро барпо карда бошад, Абўабдуллоҳи Рўдакӣ бо каломи зебову шевояш олами дилҳоро тасхир ва ҷаҳони маънавиётро ривоҷ додааст.

Рўдакӣ ифтихори миллӣ ва сарбаландии мо мебошад.

Боварӣ дорам, ки ин иди бошукўҳ ба болоравии ҳисси хештаншиносию ватанпарастии насли имрўзу ояндаи тоҷикон мусоидат мекунад.

Иди пурифтихори адабиёти миллӣ муборак, ҳам-диёрони азиз!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд