(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Аҳли тарбиятгирандагон ва мураббиёни кӯдакистони №5-и шаҳри Хуҷанд бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи кишвар бахшида ба Рӯзи Султони шоирон-Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ маҳфили хушҳолӣ гузарониданд.

Аз ҷониби дӯстрӯякони муассисаи таълимӣ шеъру суруд аз ашъори Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ қироат карда шуд. Рақси мавзун, ки матни суруди он ба қалами Устод Рӯдакӣ тааллуқ дошт, аз ҷониби хурдсолон бо маҳорати баланд намоиш дода шуд. Ҳамчунин байтбарак аз ашъори Рӯдакӣ ташкил гардид.

Порчае аз ҳаёти ибратбахши Султони шоирон-Рӯдакӣ аз ҷониби тарбиятгирандагон ва мураббиёни кӯдакистон бо маҳорати баланд намоиш дода шуд, ки хеле муассир буд.

Мушовирони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Нозимова ва Кибриё Абдураҳмонова ба сатҳи ташкили чорабинӣ баҳои баланд дода, ба маъмурияти кӯдакистони №5 баҳри ташкили он сипосгузорӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки сухансарои бузург Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо каломи тасхиркунандааш мардумонро ба накӯкорӣ, инсондӯстӣ ва кирдори хирадмандона даъват менамуд. Имрӯз ҳам шеъри волову сухани миллатсози устод Рӯдакӣ ба рамзи фарҳанги оламгири тоҷик, ба хирадмандӣ ва созандагиву накӯкорӣ табдил ёфта, дар шинохт ва беҳдошти асолати миллӣ нақш мегузорад. Устод Рӯдакӣ рамзи ҷовидонаи миллати фарҳангсози тоҷик мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд