(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

alt Дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Маликушшуаро Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ маҳфили бошукуҳи тарбиявӣ таҳти унвони "Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯ" дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.

Хонандагон аз ашъори шоир намунаҳо қироат намуда, панду андарзҳои Султони шоиронро ба самъи ҳозирин расониданд. Саҳнаҳои ҷолиб ва ибратомӯз аз ҳаёти Устод Рӯдакӣ бо санъати баланд намоиш дода шуд.

Таъкид гардид, ки аҳамияти ашъор ва осори устод Рӯдакиро дар тарбияи худшиносии ҷавонон хеле муассир ва муҳим буда, ашъор ва осори устод Рӯдакӣ ҳамеша пур аз ҳикмат ва таҷрибаи рӯзгор мебошанд. Мактаби бузурги шоирие, ки ин бунёдгузори адабиёти тоҷику форс ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш ба мерос гузошта буд, ҳоло ҳам побарҷост ва тӯли садсолаҳо метавон аз ин мактаб сабақҳо бардошт. Ба андешаи рӯдакишиноси тоҷик, андешаҳои волои инсондӯстии Рӯдакӣ на танҳо дар тарбияи ҷавонони кишвар дар амри дӯст доштани забон, адабиёт, осори фарҳангӣ ва ниҳоят дӯст доштани Ватану эҳтиром гузоштан ба таърихи пурифтихор ва шахсиятҳои номовари миллат таъсиргузор аст, балки дар ҷаҳони муосир ва коста гардидани ахлоқу маънавиёт дар аксари кишварҳои мутараққии олам барои таҳкими арзишҳои умумибашарӣ хеле муҳиманд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2002 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакиро ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид кард. Аз ҳамон сол инҷониб 22 сентябр чун Рӯзи бузургдошти устод Рӯдакӣ дар тамоми муассисаҳои илмии мамлакат ҷашн гирифта мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд