(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба ифтихори Рӯзи бунёдгузори адабиёти форсу тоҷик, Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тайи чанд рӯз аст, ки миёни донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмунҳо аз рӯи номинатсияҳои зерин: иншои беҳтарин дар мавзӯъи «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯ» ва беҳтарин хонандаи ашъори шоир Рӯдакӣ ташкил ва гузаронида шуда истодааст.

Гуфта мешавад, ки роҳандозии ин тадбир миёни донишҷӯён, бо иқдоми мудири кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносии донишкада Таибахон Бобоева ва устодони кафедра Шафоатхон Файзиева, Гулчеҳрахон Муллоусмонова буда, барои баланд бардоштани маънавиёти иштирокчиён ташкил гардидааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар рӯзҳои наздик ғолибону ҷоизадорони ин озмун дар маҳфили адабие бахшида ба «Рӯзи Рӯдакӣ» муайян ва тақдиронида мешаванд.

Шуъбаи кор бо ВАО