(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и шаҳр мулоқоти васеъ бо сокинону фаъолони маҳаллаи Мевағул доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва маданияти шаҳрдорӣ, 

Пешгирии барҳамхўрии оилаҳо ва маданияти либоспўшӣ, саҳм гузоштани сокинон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, инчунин риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи ўҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», доир ба рафти иҷрои Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2017-2020» ва 12 ноябри соли 2016, №766 “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ва дастовардҳои Истиқлолият дар тўли 28-соли соҳибихтиёрӣ баргузор гашт.

Дар мулоқот мудири шуъбаи маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр Мурод Раҷабов, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Муяссара Қаҳҳорӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Усмонҷон Юсуфӣ, намояндаи МИҲД-и шаҳр, собиқадори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳотам Маҳмудов, муовини комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд Ҷаҳонигор Муҳаммадиев доир ба масъалаҳои боло зикр гардида баромад намуда, баҳри пуштибонӣ намудан аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар, саҳм гузоштан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ шаҳрвандонро даъват намуданд.

Таъкид гардид, ки равандҳои замони муосир аҳли ҷомеаро водор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг, расму ойин, анъанаҳои миллӣ ва ба ин восита дар замири шаҳрвандон таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми калидӣ дошта бошанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд